Симини Беҳбаҳонӣ

Бовар надоштам, ки чунин вогузориям,
Дар мавҷхези ҳодиса танҳо гузориям.
Омад баҳору ид гузашту нахостӣ,
Як дам қадам ба чашми гуҳарзо гузориям.
Чун сабзаи дамида ба саҳрои дурдаст,
Бахтам надод раҳ, ки ба сар по гузориям.
Хунам хуранд бо ҳама гарданкашӣ касон,
Гар дар бисоти ғайр чу мино гузориям.
Ҳар кас насимвор зи шохам насиб хост,
То чанд чун шукуфа ба яғмо гузориям?
Умре гузоштӣ ба дилам доғи ғам, биё,
То доғи бӯса низ ба симо гузориям.
Бо он ки ҳамчу xом шикастам ба базми ту,
Бовар надоштам, ки чунин вогузориям.

Комментариев нет :

Отправить комментарий