Чунин шунидам, ки Зулқарнайн гирди олам бигашт ва ҳама ҷаҳонро мусаххари хеш гардонид ва бозгашту қасди хона намуд. Чун ба Домғон расид, фармон ёфт. Дар васият гуфт: "Маро дар тобуте ниҳед ва тобутро сурох кунед ва дастҳои маро аз он сурох берун кунед кафкушода ва ҳамчунон баред, то мардумон ҳамебинанд, ки агарчи ҳама ҷаҳон бистондем, дасттиҳӣ ҳамеравем". © Унсурмаолии КайковусБегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)
by الله قل احراری
February 14, 2015 at 08:10AM
from Facebook
via IFTTTfrom Facebook
via IFTTT
by الله قل احراری
February 14, 2015 at 08:10AM
from Facebook
via IFTTTfrom Facebook
via IFTTT
Комментариев нет :
Отправить комментарий