28.02.2015

МО ҚИССАИ ДИЛ ҶУЗ БА БАРИ ЁР НАБУРДЕМ

Мо қиссаи дил ҷуз ба бари ёр набурдем,
В-аз ёр шикоят бари ағёр набурдем.
Маълум нашуд сидқи дилу сирри муҳаббат,
То ин сари савдоза бар дор набурдем.
Моро чӣ ғами суду зиён аст, ки ҳаргиз,
Савдои туро бар сари бозор набурдем.
Бо ҳуснфурӯшон баҳри ин гармии бозор,
Мо Юсуфи худро ба харидор набурдем.
Эй дӯст, ки он субҳи дилафрӯз хушат бод,
Ёд ор, ки мо ҷон зи шаби тор набурдем.
Сарсабзии он хирмани гул бод, агар чанд,
Аз боғи ту ҷуз сарзаниши хор набурдем.
Берангиам аз чашми ту андохт, агар на
Кай хуни диле буд, ки дар кор набурдем?!
То равшании чашму дили Соя аз он рӯст,
Аз оинае миннати дидор набурдем.

© ҲУШАНГ ИБТИҲОҶ

Комментариев нет :

Отправить комментарий