05.03.2015

АҶАБ САБРЕ ХУДО ДОРАД! Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. На тоат мепазируфтам, на гӯш аз баҳри истиғфори ин бедодгарҳо тез карда, Пора - пора дар кафи ин зоҳиднамоён, сабҳаи сад дона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ки дар ҳамсояи садҳо гурусна, чанд базме гарми айшу нуш медидам, Нахустин наъраи мастонаро хомӯш он дам, бар лаби паймона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ки медидам яке урёну ларзон, дигаре пӯшида аз сад ҷомаи рангин Замину осмонро Вожгун, мастона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. На тоат мепазируфтам, На гӯш аз баҳри истиғфори ин бедодгарҳо тез карда, Пора-пора дар кафи зоҳиднамоён, Сабҳаи сад дона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Барои хотири танҳо яке Маҷнуни саҳрогарди бесомон, Ҳазорон Лайлии нозофаринро кӯ ба кӯ, Овораву девона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ба гирди шамъи сӯзони дили ушшоқи саргардон, Саропойи вуҷуди бевофо маъшуқро парвона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ба Арши Кибриёӣ бо ҳама сабри худоӣ, То ки медидам азизи нобаҷое ноз бар як нораво гардида хорӣ мефурӯшад, Гардиши ин чархро Воруна бесаброна мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ки медидам мушаваш орифу омӣ зи барқи фитнаи ин илми оламсӯзи мардумкуш, Ба ҷуз андешаи ишқу вафо, маъдуми ҳар фикре, Дар ин дунёи пурафсона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Чиро ман ҷойи Ӯ бошам?! Ҳамин беҳтар, ки Ӯ худ ҷойи худ биншаставу Тоби тамошои тамоми зишткориҳои ин махлуқро дорад! Вагарна, ман ба ҷойи Ӯ чу будам, Як нафас кай одилона созише Бо ҷоҳилу фарзона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Аҷаб сабре Худо дорад! © РАҲИМ МУЪИНИИ КИРМОНШОҲӢМакнуна

АҶАБ САБРЕ ХУДО ДОРАД! Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. На тоат мепазируфтам, на гӯш аз баҳри истиғфори ин бедодгарҳо тез карда, Пора - пора дар кафи ин зоҳиднамоён, сабҳаи сад дона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ки дар ҳамсояи садҳо гурусна, чанд базме гарми айшу нуш медидам, Нахустин наъраи мастонаро хомӯш он дам, бар лаби паймона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ки медидам яке урёну ларзон, дигаре пӯшида аз сад ҷомаи рангин Замину осмонро Вожгун, мастона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. На тоат мепазируфтам, На гӯш аз баҳри истиғфори ин бедодгарҳо тез карда, Пора-пора дар кафи зоҳиднамоён, Сабҳаи сад дона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Барои хотири танҳо яке Маҷнуни саҳрогарди бесомон, Ҳазорон Лайлии нозофаринро кӯ ба кӯ, Овораву девона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ба гирди шамъи сӯзони дили ушшоқи саргардон, Саропойи вуҷуди бевофо маъшуқро парвона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ба Арши Кибриёӣ бо ҳама сабри худоӣ, То ки медидам азизи нобаҷое ноз бар як нораво гардида хорӣ мефурӯшад, Гардиши ин чархро Воруна бесаброна мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Агар ман ҷойи Ӯ будам. Ки медидам мушаваш орифу омӣ зи барқи фитнаи ин илми оламсӯзи мардумкуш, Ба ҷуз андешаи ишқу вафо, маъдуми ҳар фикре, Дар ин дунёи пурафсона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Чиро ман ҷойи Ӯ бошам?! Ҳамин беҳтар, ки Ӯ худ ҷойи худ биншаставу Тоби тамошои тамоми зишткориҳои ин махлуқро дорад! Вагарна, ман ба ҷойи Ӯ чу будам, Як нафас кай одилона созише Бо ҷоҳилу фарзона мекардам. Аҷаб сабре Худо дорад! Аҷаб сабре Худо дорад! © РАҲИМ МУЪИНИИ КИРМОНШОҲӢБегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)

by الله قل احراری



March 05, 2015 at 08:06PM

from Facebook

via IFTTTfrom Facebook

via IFTTT

Комментариев нет :

Отправить комментарий