
Ҷовидона медурахшад офтоби тоҷикон,
Донишу шеър аст кору инқилоби тоҷикон.
Дар рафоқат устувору дар садоқат пойдор,
Ҳар бадиро некӣ мебошад ҷавоби тоҷикон.
Аз хусумат аз нифоқу ҷанг дури ҷустаанд,
Сулҳ бошад доимо ройи савоби тоҷикон.
Ними дунёву тамаддун саҳму марзи тоҷик аст,
Гар намедонӣ, бихон боре китоби "Тоҷикон!"
Соҳиби шаҳру забону давлату ойин шуданд,
Қавмҳои хаймабардӯш аз ҳисоби тоҷикон.
Кист то дар пойи Ҳофиз сар намонад рӯйи хок,
Шеъри дунё ҷорӣ шуд аз шеъри ноби тоҷикон.
Бастааст бар рӯй душман дар, вале бар рӯи дӯст,
Ҳамчу дасторхони худ боз аст боби тоҷикон.
Иброҳими ШАРИФ
Комментариев нет :
Отправить комментарий