Саропоям нигаҳ бошам, ки бинам ёр мерақсад,
Вуҷуди ҳастиям махфӣ, санам дилдор мерақсад.
Каманди ҳалқаи зулфи шабаш дар печутоб афтод,
Намедонам бибурд ақлам ба сони мор мерақсад.
Суруду рақс рафтораш, гулобу қанд гуфтораш,
Дилаш аз меҳри санъат пур, парирухсор мерақсад.
Чунон гир-гир ба рақс омад, ки гаштам гирду рақсонам,
Замину осмону кавкаби хуммор мерақсад.
Рубобу барбату чангу дутору даф ба рақс омад,
Ҷамиъи аҳли маҷлис, хонаву девор мерақсад.
Тамоми аҳли саҳна гӯиё дар ваҷди ҳолат шуд,
На танҳо аҳли саҳна, гунбази даввор мерақсад.
Дурахшон давраи гулгун, ҳама пиру ҷавон мафтун,
Дар ин боғи латофат хурраму саршор мерақсад.
Ҳаёти ҳастии инсон надида инчунин даврон,
Суҳайлу Зуҳраву Шамсу Қамар сайёр мерақсад.
Ақилӣ, чашми мастонаш рабудӣ хоби афсунгар,
Ҷаҳони тозабунён, давлати бедор мерақсад.
#Маҳмудҷон_Ақилӣ

Комментариев нет :
Отправить комментарий