26.01.2013

ҒАМИ МИЛЛАТ БА ҲАНГОМИ ҶАВОНӢ...

Ба пойи тавсане паймудаам роҳи ҷавониро,
Ба дашти ёдҳо вомонда хиргоҳи ҷавониро.
Ғами миллат ба ҳангоми ҷавонӣ сахт пирам кард,
Дар ин кишвар, ки ман гум кардаам моҳи ҷавониро.
Чароғи гиряам рушан ба шоми дида, меҷӯям,
Дар ин шабҳо, ки гум кардам саҳаргоҳи ҷавониро.
Куҷо шуд? Дар куҷо бошад дилороми ҷавониям?
Хаёлан мекашам оғӯш ҳамроҳи ҷавониро.
Намедонам куҷо гум кардаму кай буду соат чанд?
Кай охир бор дидам субҳу бегоҳи ҷавониро?
Гадои пириям раҳ мебарад бо чашми ашколуд,
Ба уммеде, ки ёбад даргаҳи шоҳи ҷавониро...



Исфандиёри НАЗАР, 1995
(Аз китоби "Дар кӯчаҳои шаб" - нашриёти "Ашӯриён")

Комментариев нет :

Отправить комментарий