То интиҳои ҷодаи нуронии уммед хоҳам бурд,
Туро то даргаҳи Хуршед хоҳам бурд!
Ғазал он рӯз
Дар лабҳои ту шакли дигар гирад.
Қавофӣ ҳарчиро бинад, ба бар гирад.
Дурахши чашмҳоят
Ахтарони тозаро эҷод хоҳад кард.
Ба юмни хандаат
Хуршед Маҳро ёд хоҳад кард!
Заминро гесувонат
Бешазори коҷ мебахшад.
Ба ҳар як лонаи матруки бетасниф,
Навои хандаат
Як сор ё дурроҷ мебахшад.
Қафасро мебарад аз ёдҳо қавсайни абрӯят,
Ба ҷойи ҳар қафас
Як соқа маҷнунбед хоҳад руст.
Қафас дигар намемонад!
Паранда
Баъд аз ин бедодрас дигар намемонад.
Туро бо хеш хоҳам бурд,
Туро то хеш хоҳам бурд,
Ки то ҳар вожа маънои дигар гирад,
Ки то аз қисса ҳарфи ғусса пар гирад…
Баъд аз ин бедодрас дигар намемонад.
Туро бо хеш хоҳам бурд,
Туро то хеш хоҳам бурд,
Ки то ҳар вожа маънои дигар гирад,
Ки то аз қисса ҳарфи ғусса пар гирад…
Исфандиёри НАЗАР
Комментариев нет :
Отправить комментарий