
Боду хавои шахр чу дилгир мешавад,
Парвози ман ба сўи ту таъхир мешавад.
Як ѓунча ишќ во шаву як барг ёди ман,
Бо фатхи ин даричахо тадбир мешавад.
Як рўз он мусофири андешахои сабз
Бар дехаи мухаббати ман мир мешавад.
Дар хеш ѓарќа мешавам чун фикр дар сукут,
То фурсате, ки хавсала хам пир мешавад.
Дунё ба гирди домани шаб чарх мезанад,
То субхи дил расидаву тасвир мешавад.
Комментариев нет :
Отправить комментарий