30.04.2014

ЗЕБО - МАҲМУДҶОН АҚИЛӢ

Ҷонона, нигорамро хуш аҳду вафо зебо,
Бо ғамза итоби гул бо нозу ҷафо зебо.

Парварда ҳарири тан ошиқ бикунад мафтун,
Пӯшида ниҳоли гул зебанда қабо зебо.

Дар они такаллум чун, бишкуфта гули раъно,
Бо ишва нигоҳи дил ҷӯянда ҳаё зебо.

Дар мазраи гул бо мул рӯида гиёҳи меҳр,
Бо нағмаи ҷонпарвар шӯх савту наво зебо.

Шуд меҳнату роҳатҳо бо меҳру вафо пайванд,
Дар кишвари зебоям чун обу ҳафо зебо.

Гар ҳарфи муҳаббатро ҳар ёр кунад изҳор,
Санҷида муроди дил, ранҷида адо зебо.

Бо тори дили зорам пайваста нахи тораш,
Ҳар лаҳза Ақилиро оҳангу наво зебо.

#Маҳмудҷон_Ақилӣ

Комментариев нет :

Отправить комментарий