19.05.2014

БЕГОНАРО ЧИ СУД...

Бегонаро чи суд зи пайғоми ошно,
Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно.
Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ,
Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно.
Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав,
Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно.
Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон,
Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно.
Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой,
Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно.
То сими соидат нашавад з-остин бурун,
Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно.
Макнуна зери чарх умед вафо макун,
Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно.


© Макнуна (Нодира) 





from Facebook

via IFTTT from Facebook

Комментариев нет :

Отправить комментарий