Мурдам аз дарду намеойӣ ба болинам ҳанӯз, Марги худ мебинаму рӯят намебинам ҳанӯз. Бар лаб омад ҷону рафтанд ошноён аз сарам, Шамъро нозам, ки мегиряд ба болинам ҳанӯз. Орзу мурду ҷавони рафту ишқ аз дил гурехт, Ғам намегардад ҷудо аз ҷони мискинам ҳанӯз. Рӯзгоре по кашид он тозагул аз доманам, Гул ба доман мефишонад ашки хунинам ҳанӯз. Гарчӣ сар то пойи ман мушти ғуборе беш нест, Дар ҳавояш чун насим аз пой наншинам ҳанӯз. Симгун шуд мӯю ғафлат ҳамчунон ба ҷой монд, Субҳдам хандиду ман дар хоби нӯшинам ҳанӯз. Хасмро аз содалавҳӣ дӯст медорам, Раҳӣ, Тифламу накшуда чашми маслиҳатбинам ҳанӯз.Бегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)
by الله قل احراری
March 12, 2015 at 05:44PM
from Facebook
via IFTTTfrom Facebook
via IFTTT
by الله قل احراری
March 12, 2015 at 05:44PM
from Facebook
via IFTTTfrom Facebook
via IFTTT
Комментариев нет :
Отправить комментарий