12.03.2015

Ишмаб аз бода харобам куну бигзор бимирам, Ғарқи дарёи шаробам куну бигзор бимирам. Қиссаи ишқ ба гуши мани девона чӣ хонӣ? Бас кун афсонаву хобам куну бигзор бимирам. Гарчӣ ишқи ту саробест фиребандаву сузон, Дилхуш эй маҳ ба саробам куну бигзор бимирам. Зиндагӣ талхтар аз марг бувад, гар ту набошӣ, Баъд аз ин мурда ҳисобам куну бигзор бимирам. Пираму нест дигар бим зи дамсардии марг, Гарми рӯёи шабобам куну бигзор бимирам. Хаста шуд дидаам аз дидани амвоҷи ҳаводис, Кур чун чашми ҳубобам куну бигзор бимирам. То ба кай ҳалқа шавам, сар ба дари хона бикубам, Аз дари хеш ҷавобам куну бигзор бимирам. Ашки гармам, ки ба нуки мижаи шамъ биларзам, Шуъла шав, яксара обам куну бигзор бимирам.Макнуна

Ишмаб аз бода харобам куну бигзор бимирам, Ғарқи дарёи шаробам куну бигзор бимирам. Қиссаи ишқ ба гуши мани девона чӣ хонӣ? Бас кун афсонаву хобам куну бигзор бимирам. Гарчӣ ишқи ту саробест фиребандаву сузон, Дилхуш эй маҳ ба саробам куну бигзор бимирам. Зиндагӣ талхтар аз марг бувад, гар ту набошӣ, Баъд аз ин мурда ҳисобам куну бигзор бимирам. Пираму нест дигар бим зи дамсардии марг, Гарми рӯёи шабобам куну бигзор бимирам. Хаста шуд дидаам аз дидани амвоҷи ҳаводис, Кур чун чашми ҳубобам куну бигзор бимирам. То ба кай ҳалқа шавам, сар ба дари хона бикубам, Аз дари хеш ҷавобам куну бигзор бимирам. Ашки гармам, ки ба нуки мижаи шамъ биларзам, Шуъла шав, яксара обам куну бигзор бимирам.Бегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)

by الله قل احراری



March 12, 2015 at 07:53PM

from Facebook

via IFTTTfrom Facebook

via IFTTT

Комментариев нет :

Отправить комментарий