12.03.2015

Менишинад суханат дар дилу ҷонам, чӣ кунам? Мешавад ҳамнафаси нойи ниҳонам, чӣ кунам? Дили шуридаи ман чунки шароби ту чашид, Ончунон гашт, ки аз ӯ ба фиғонам, чӣ кунам? На аҷаб, гар дилам аз сардии ин шаб бигирифт, Ёри Хуршеду саҳархандаи олам чӣ кунам?! Ҳин магӯ, чанд зи субҳу нафасаш ёд кунӣ, Зинда аст аз дами ӯ руҳу равонам, чӣ кунам? Дар дили чашми ту он шеър чунон оби равон, Хондаам, лек наёяд ба баёнам, чӣ кунам? Аҳд кардам, ки дигар суфраи дил нагшоям, Ишқ фарёд баровард зи ниҳонам, чӣ кунам? Ба рутаб боз кунам рӯзаи худ бори дигар, Боз меҳмони лабат дар рамазонам, чӣ кунам?Макнуна

Менишинад суханат дар дилу ҷонам, чӣ кунам? Мешавад ҳамнафаси нойи ниҳонам, чӣ кунам? Дили шуридаи ман чунки шароби ту чашид, Ончунон гашт, ки аз ӯ ба фиғонам, чӣ кунам? На аҷаб, гар дилам аз сардии ин шаб бигирифт, Ёри Хуршеду саҳархандаи олам чӣ кунам?! Ҳин магӯ, чанд зи субҳу нафасаш ёд кунӣ, Зинда аст аз дами ӯ руҳу равонам, чӣ кунам? Дар дили чашми ту он шеър чунон оби равон, Хондаам, лек наёяд ба баёнам, чӣ кунам? Аҳд кардам, ки дигар суфраи дил нагшоям, Ишқ фарёд баровард зи ниҳонам, чӣ кунам? Ба рутаб боз кунам рӯзаи худ бори дигар, Боз меҳмони лабат дар рамазонам, чӣ кунам?Бегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)

by الله قل احراری



March 12, 2015 at 11:25PM

from Facebook

via IFTTTfrom Facebook

via IFTTT

Комментариев нет :

Отправить комментарий