16.03.2015

Шуд зи ғамат хонаи савдо дилам, Дар талабат рафт ба ҳар ҷо дилам. Дар талаби зуҳрарухи моҳрӯ, Менигарад ҷониби боло дилам. Фарши ғамаш гаштаму охир зи бахт, Рафт бар ин сақфи мусаффо дилам. Оҳ, ки имрӯз диламро чӣ шуд, Душ чӣ гуфтаст, касе бо дилам?! Дар талаби гавҳари гӯёи ишқ, Мавҷ занад, мавҷ чу дарё дилам. Рӯз шуду чодари шаб медарад, Дар пайи он айшу тамошо дилам. Аз дили ту дар дили ман нуктаҳост, Аҳ, чӣ раҳаст, аз дили ту то дилам. Гар накунӣ бар дили ман раҳмате, Войи дилам, войи дилам, во дилам. Эй Табрез аз ҳаваси Шамсиддин, Чанд равад сӯйи Сурайё дилам. МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИН РУМӢМакнуна

Шуд зи ғамат хонаи савдо дилам, Дар талабат рафт ба ҳар ҷо дилам. Дар талаби зуҳрарухи моҳрӯ, Менигарад ҷониби боло дилам. Фарши ғамаш гаштаму охир зи бахт, Рафт бар ин сақфи мусаффо дилам. Оҳ, ки имрӯз диламро чӣ шуд, Душ чӣ гуфтаст, касе бо дилам?! Дар талаби гавҳари гӯёи ишқ, Мавҷ занад, мавҷ чу дарё дилам. Рӯз шуду чодари шаб медарад, Дар пайи он айшу тамошо дилам. Аз дили ту дар дили ман нуктаҳост, Аҳ, чӣ раҳаст, аз дили ту то дилам. Гар накунӣ бар дили ман раҳмате, Войи дилам, войи дилам, во дилам. Эй Табрез аз ҳаваси Шамсиддин, Чанд равад сӯйи Сурайё дилам. МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИН РУМӢБегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)

by الله قل احراری



March 16, 2015 at 12:07PM

from Facebook

via IFTTTfrom Facebook

via IFTTT

Комментариев нет :

Отправить комментарий