17.03.2015

Ба куҷо равам зи дардат, чӣ даво кунам, чӣ чора, Ки ҳазор бор хун шуд ҷигари ҳазорпора? Манаму зи ишқ дарде, ки агар ба кӯҳ гӯям, Бахудо, ки нарм гардад дили сахти санги хора. Ба ду дида кай тавонам, ки рухи ту сер бинам, Ду ҳазор дида хоҳам, ки туро кунам назора. Маҳи ман зи ҷамъи хубон ба касе туро чӣ нисбат? Ту зиёдаи зи моҳу дигарон кам аз ситора. Зи барои куштани ман чу бас аст чашми шӯхат, Зи чӣ мекашанд ханҷар мижаҳо зи ҳар канора? Чу ғанимат аст хубӣ, ба карашма ҷилвае кун, Ки ба олами ҷавонӣ нарасад касе дубора. Дили хастаи Ҳилолӣ чу бисӯхтӣ, ҳазар кун, Ки мабод аз оташи ӯ бирасад ба ту шарора. БАДРИДДИНИ ҲИЛОЛӢМакнуна

Ба куҷо равам зи дардат, чӣ даво кунам, чӣ чора, Ки ҳазор бор хун шуд ҷигари ҳазорпора? Манаму зи ишқ дарде, ки агар ба кӯҳ гӯям, Бахудо, ки нарм гардад дили сахти санги хора. Ба ду дида кай тавонам, ки рухи ту сер бинам, Ду ҳазор дида хоҳам, ки туро кунам назора. Маҳи ман зи ҷамъи хубон ба касе туро чӣ нисбат? Ту зиёдаи зи моҳу дигарон кам аз ситора. Зи барои куштани ман чу бас аст чашми шӯхат, Зи чӣ мекашанд ханҷар мижаҳо зи ҳар канора? Чу ғанимат аст хубӣ, ба карашма ҷилвае кун, Ки ба олами ҷавонӣ нарасад касе дубора. Дили хастаи Ҳилолӣ чу бисӯхтӣ, ҳазар кун, Ки мабод аз оташи ӯ бирасад ба ту шарора. БАДРИДДИНИ ҲИЛОЛӢБегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)

by الله قل احراری



March 17, 2015 at 11:55PM

from Facebook

via IFTTTfrom Facebook

via IFTTT

Комментариев нет :

Отправить комментарий