18.03.2015

Чашми шӯхат, ки маст мебинам, Дар хуморат шикаст мебинам. Пешпо хурданам сабаб дорад, Дастро рӯйи даст мебинам. Рафт аз ҳад баланд мегӯянд, Сарбаланде чу паст мебинам. Якбаяк аз ду сар шавад дардам, Ҷон чу мӯ дар гусаст мебинам. Чашми ман захмчашми мардум шуд, Хешро худпараст мебинам. Вақтам омад хуш аз Фазо берун, Не мадору на шаст мебинам. Пойи гаштам чу монд аз гаштак, Айшро дар нишаст мебинам. Хонаи тан такидаам дастӣ, Баски бепойбаст мебинам. Буданам буд набуду шуд нобуд, Нестро айни ҳаст мебинам. ШОДӢ ШАРИФНИЁМакнуна

Чашми шӯхат, ки маст мебинам, Дар хуморат шикаст мебинам. Пешпо хурданам сабаб дорад, Дастро рӯйи даст мебинам. Рафт аз ҳад баланд мегӯянд, Сарбаланде чу паст мебинам. Якбаяк аз ду сар шавад дардам, Ҷон чу мӯ дар гусаст мебинам. Чашми ман захмчашми мардум шуд, Хешро худпараст мебинам. Вақтам омад хуш аз Фазо берун, Не мадору на шаст мебинам. Пойи гаштам чу монд аз гаштак, Айшро дар нишаст мебинам. Хонаи тан такидаам дастӣ, Баски бепойбаст мебинам. Буданам буд набуду шуд нобуд, Нестро айни ҳаст мебинам. ШОДӢ ШАРИФНИЁБегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)

by الله قل احراری



March 18, 2015 at 12:03PM

from Facebook

via IFTTTfrom Facebook

via IFTTT

Комментариев нет :

Отправить комментарий