27.03.2015

Ҳар киро дур кунӣ, давру барат меояд, Аз муҳаббат чӣ балоҳо ба сарат меояд. Бинишинӣ дами дар, кӯча қуруқ хоҳад шуд, Биравӣ, ҷамъияте пушти сарат меояд. То ки дар дастрасӣ аз ту ҳама бехабаранд, То каме дур шавӣ ҳай хабарат меояд. Дил ба маҷнуншудани хеш дар ойина мабанд, Сабр кун ошиқи девонатарат меояд. Мани ошуфта ба пойи ту меуфтам, аммо, Мӯйи ошуфта фақат то камарат меояд. Хуни ман рехт, наяфтод вале гардани ту, Гардани ман ба масофи табарат меояд. Рӯзи Маҳшар ҳам агар сӯйи ҷаҳаннам биравӣ, Як нафар заҷҷакунон пушти сарат меояд. © КОЗИМ БАҲМАНӢМакнуна

Ҳар киро дур кунӣ, давру барат меояд, Аз муҳаббат чӣ балоҳо ба сарат меояд. Бинишинӣ дами дар, кӯча қуруқ хоҳад шуд, Биравӣ, ҷамъияте пушти сарат меояд. То ки дар дастрасӣ аз ту ҳама бехабаранд, То каме дур шавӣ ҳай хабарат меояд. Дил ба маҷнуншудани хеш дар ойина мабанд, Сабр кун ошиқи девонатарат меояд. Мани ошуфта ба пойи ту меуфтам, аммо, Мӯйи ошуфта фақат то камарат меояд. Хуни ман рехт, наяфтод вале гардани ту, Гардани ман ба масофи табарат меояд. Рӯзи Маҳшар ҳам агар сӯйи ҷаҳаннам биравӣ, Як нафар заҷҷакунон пушти сарат меояд. © КОЗИМ БАҲМАНӢБегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)

by الله قل احراری



March 27, 2015 at 09:58AM

from Facebook

via IFTTTfrom Facebook

via IFTTT

Комментариев нет :

Отправить комментарий