Рафтӣ аз чашмаму дил маҳви тамошост ҳанӯз, Акси рӯйи ту дар ин ойина пайдост ҳанӯз. Ҳар ки дар сина диле дошт ба дилдоре дод, Дили нафриншудаи мост, ки танҳост ҳанӯз. Дар дилам ишқи ту чун шамъ ба хилватгаҳи роз, Дар сарам шӯри ту чун бода ба миност ҳанӯз. Гарчи имрӯзи ман ойинаи фардои ман аст, Дили девона дар андешаи фардост ҳанӯз. Ишқ омад ба дилу шӯри қиёмат бархост, Зиндагӣ тай шуду ин маърака барпост ҳанӯз. Лаб фурӯ бастаам аз шарму забони нигаҳам, Пеши чашмон сухангӯйи ту гӯёст ҳанӯз. © АБУЛҲАСАНИ ВАРЗӢБегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)
by الله قل احراری
March 27, 2015 at 01:49PM
from Facebook
via IFTTTfrom Facebook
via IFTTT
by الله قل احراری
March 27, 2015 at 01:49PM
from Facebook
via IFTTTfrom Facebook
via IFTTT
Комментариев нет :
Отправить комментарий