Эй ошно чӣ шуд, ки ту бегонахӯ шудӣ?
Бо меҳрпешагон зи чӣ рӯ кинаҷӯ шудӣ?
Мо ҳамчу ғунча як дилу якрӯ мондаем,
Бо мо чаро чу лола дурангу дурӯ шудӣ?
Наздиктар зи ҷон ба танам будӣ ай дареғ,
Рафтӣ ба қаҳру дуртар аз орзу шудӣ.
Эй гул, ки лофи ҳусн задӣ пеши офтоб!
Хушкид шабнами туву беобрӯ шудӣ.
Эй чеҳра аз ғубори ғаме занг доштӣ
Ашке фишонд чашми ману шустушӯ шудӣ.
Аз гиря ҳамчу ғунча гираҳ дар гулӯи мост,
То ҳамчу гул ба базми касон хандарӯ шудӣ.
Симин, чӣ рӯзҳо, ки чу гирдоб дар фироқ,
Печидӣ аз малолату дар худ фурӯ шудӣ.
© СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ
Бо меҳрпешагон зи чӣ рӯ кинаҷӯ шудӣ?
Мо ҳамчу ғунча як дилу якрӯ мондаем,
Бо мо чаро чу лола дурангу дурӯ шудӣ?
Наздиктар зи ҷон ба танам будӣ ай дареғ,
Рафтӣ ба қаҳру дуртар аз орзу шудӣ.
Эй гул, ки лофи ҳусн задӣ пеши офтоб!
Хушкид шабнами туву беобрӯ шудӣ.
Эй чеҳра аз ғубори ғаме занг доштӣ
Ашке фишонд чашми ману шустушӯ шудӣ.
Аз гиря ҳамчу ғунча гираҳ дар гулӯи мост,
То ҳамчу гул ба базми касон хандарӯ шудӣ.
Симин, чӣ рӯзҳо, ки чу гирдоб дар фироқ,
Печидӣ аз малолату дар худ фурӯ шудӣ.
© СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ
Комментариев нет :
Отправить комментарий