27.03.2015

Як шабе Маҷнун намозашро шикаст, Бевузӯ дар кӯчаи Лайло нишаст. Ишқи он шаб масти масташ карда буд, Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд. Саҷдае зад бар лаби даргоҳи Ӯ, Пур зи Лайло шуд дили пур оҳи ӯ. Гуфт: «Ё Раб, аз чӣ хорам кардаӣ, Бар салиби ишқ дорам кардаӣ?! Ҷоми Лайлоро ба дастам додаӣ, В-андар ин бозӣ шикастам додаӣ. Нештари ишқаш ба ҷонам мезанӣ, Дардам аз Лайлост онам мезанӣ. Хастаам з-ин ишқ, дилхунам макун, Ман, ки Маҷнунам ту маҷнунам макун. Марди ин бозича дигар нестам, Ин туву Лайлои ту... ман нестам.» Гуфт: «Ай девона Лайлоят манам, Дар раги пинҳону пайдоят манам. Солҳо бо ҷаври Лайло сохтӣ, Ман канорат будаму нашнохтӣ. Ишқи Лайло дар дилат андохтам, Сад қумори ишқ якҷо бохтам. Кардамат овораи саҳро нашуд, Гуфтам, оқил мешавӣ, аммо нашуд. Сӯхтам дар ҳасрати як "Ё Рабат" Ғайри Лайло барнаёмад аз лабат. Рӯзу шаб ӯро садо кардӣ, вале, Дидам имшаб бо манӣ, гуфтам: "Бале". Мутмаин будам ба ман сар мезанӣ, Дар ҳарими хонаам дар мезанӣ. Ҳоли ин Лайло, ки хорат карда буд, Дарси ишқаш беқарорат карда буд. Марди роҳам бош то шоҳат кунам, Сад чу Лайло кушта дар роҳат кунам.» © МУРТАЗО АБДУЛЛОҲӢМакнуна

Як шабе Маҷнун намозашро шикаст, Бевузӯ дар кӯчаи Лайло нишаст. Ишқи он шаб масти масташ карда буд, Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд. Саҷдае зад бар лаби даргоҳи Ӯ, Пур зи Лайло шуд дили пур оҳи ӯ. Гуфт: «Ё Раб, аз чӣ хорам кардаӣ, Бар салиби ишқ дорам кардаӣ?! Ҷоми Лайлоро ба дастам додаӣ, В-андар ин бозӣ шикастам додаӣ. Нештари ишқаш ба ҷонам мезанӣ, Дардам аз Лайлост онам мезанӣ. Хастаам з-ин ишқ, дилхунам макун, Ман, ки Маҷнунам ту маҷнунам макун. Марди ин бозича дигар нестам, Ин туву Лайлои ту... ман нестам.» Гуфт: «Ай девона Лайлоят манам, Дар раги пинҳону пайдоят манам. Солҳо бо ҷаври Лайло сохтӣ, Ман канорат будаму нашнохтӣ. Ишқи Лайло дар дилат андохтам, Сад қумори ишқ якҷо бохтам. Кардамат овораи саҳро нашуд, Гуфтам, оқил мешавӣ, аммо нашуд. Сӯхтам дар ҳасрати як "Ё Рабат" Ғайри Лайло барнаёмад аз лабат. Рӯзу шаб ӯро садо кардӣ, вале, Дидам имшаб бо манӣ, гуфтам: "Бале". Мутмаин будам ба ман сар мезанӣ, Дар ҳарими хонаам дар мезанӣ. Ҳоли ин Лайло, ки хорат карда буд, Дарси ишқаш беқарорат карда буд. Марди роҳам бош то шоҳат кунам, Сад чу Лайло кушта дар роҳат кунам.» © МУРТАЗО АБДУЛЛОҲӢБегонаро чи суд зи пайғоми ошно, Дилро ҳузур мерасад аз номи ошно. Ҳарчанд масти бодаи бегонагӣ шудӣ, Санги ҷафо мазан, машикан ҷоми ошно. Сайди каманди ҳилаи бегонагон машав, Гар мурғи зиракӣ макан аз доми ошно. Дорӣ ҳавои улфати бегонамашрабон, Оҳӯи чашми ту нашавад роми ошно. Хуршеди ман, зи хона ба вақти саҳар барой, Машъалфурӯз шав ба лаби боми ошно. То сими соидат нашавад з-остин бурун, Кай пухта мешавад тамаи хоми ошно. Макнуна зери чарх умед вафо макун, Андар нигини даҳр маҷӯ номи ошно. © Макнуна (Нодира)

by الله قل احراری



March 27, 2015 at 08:37PM

from Facebook

via IFTTTfrom Facebook

via IFTTT

Комментариев нет :

Отправить комментарий