Чун фасли баҳор омад бо ман ба чаман биншин,
Доман макаш аз дастам, биншин гули ман биншин.
Хушхӯиву гулрӯӣ, маҳтобсуманбӯӣ,
То дил бибарӣ аз гул, эй ғунчадаҳан биншин.
Ту моҳи манӣ ёро, то хира кунӣ моро,
Мирриху Сурайёро бар зулф бизан биншин.
Биншин, ки сафо дорӣ, гесӯи раҳо дорӣ,
Гар меҳр ба мо дорӣ, чун маҳ ба чаман биншин.
Гардем самандатро, сайдем камандатро,
Гесӯи баландатро бар шона бизан биншин.
Эй гулрухи гулдоман, парҳез кун аз душман,
Чун дӯст шудӣ бо ман, бар дидаи ман биншин.
Моҳи чаманӣ ҷоно, чун ёсуманӣ ҷоно,
Симинатанӣ ҷоно, дар пеши суман биншин.
Дар пойи ту чун хокам, на хок, ки хошокам,
Бингар дили ғамнокам, онро машикан биншин.
Ман ошиқи дилтангам, хорам чун гули сангам,
Бар гӯнаи берангам, як бӯса бизан биншин.
Ту атри Ватан дорӣ, донам ғами ман дорӣ,
Гар шӯри сухан дорӣ, бо ман ба сухан биншин.
Комментариев нет :
Отправить комментарий