31.05.2015

ҚИЛЛАТ

Дар синаи мо қиллати¹ поринаи ёр аст,
Оинаи мо дар садади гарду ғубор аст.

Сад қофила уммед агар ҳаст дар ин шаҳр,
Э вой, ба ғоратгару таррор дучор аст.

Гар ҳаст саре аз раҳи мардонагӣ боло,
Афсӯс, сад афсӯс, ки дар чӯбаи дор аст.

Сад хирмани абёт аз ин кишта гирифтам,
Дилвожаи ноби сухан ангуштшумор аст.

Аз боғ маяндеш, ки гул мурд зи гармо,
Дар ҷойи гул акнун сабади хор қатор аст.

Бо ин ҳама дилтангии айёми хазонпӯш
Бовар натавон кард, ки дар пеш баҳор аст.

Ин чарх ба ҳасраткадаи ишқпарастон
Дар фикри ҷафо то ба кунун дастбакор аст.

Эй булбули шӯрида, фурӯ банд садоро,
К-ин лаҳза дар ин боғ ҳаёҳӯи шикор аст!


© ОРЗУ ИСО 


__________ 
1 - Қиллат — камӣ, қалил.

Комментариев нет :

Отправить комментарий