Ҳар чи кунӣ, бикун, макун тарки ман ай нигори ман,
Ҳар чи барӣ, бибар, мабар сангдилӣ ба кори ман.
Ҳар чи ҳилӣ, биҳил, маҳил парда бар рӯйи чун қамар,
Ҳар чи дарӣ, бидар, мадар пардаи эътибори ман.
Ҳар чи кашӣ, бикаш, макаш бода ба базми муддаъӣ,
Ҳар чи хурӣ, бихур, махур хуни ман ай нигори ман.
Ҳар чи диҳӣ, бидеҳ, мадеҳ зулф ба бод эй санам,
Ҳар чи ниҳӣ, бинеҳъ манеҳ пой ба раҳгузори ман.
Ҳар чи кушӣ, бикуш, макуш сайди ҳарам, ки нест хуш,
Ҳар чи шавӣ, бишав, машав ташна ба хуни зори ман.
Ҳар чи бурӣ, бибур, мабур риштаи улфати маро,
Ҳар чи канӣ, бикан, макан хонаи ихтиёри ман.
Ҳар чи равӣ, бирав, марав роҳи хилофи дӯстӣ,
Ҳар чи занӣ, бизан, мазан таъна ба рӯзгори ман.
© ШУРИДАИ ШЕРОЗӢ
August 07, 2015 at 04:38PM
via IFTTT from Facebook

Комментариев нет :
Отправить комментарий