Дил бурд зи ман яке нигоре,
Зебосанаме чи гулъизоре.
Дар банди ғамаш асир гаштам,
Бо хеш намонда ихтиёре.
Дирӯз гузар ба боғ кардам,
Афтод назар ба лолазоре.
Дидам ба чаман ҳамон санамро,
Биншаста чу моҳи даҳчаҳорӣ.
Гуфтам, ки забони ту маро кушт,
Бӯса бидеҳ аз лабат ба ёрӣ.
Зад бар даҳани ману ғазаб кард,
В-он гоҳ ишорате ба лаб кард.
Андар ғами ишқи он дилором,
Як лаҳза надорад ин дил ором.
Шуд мурғи дилам асири зулфаш,
Афтода барои дона дар дом.
Кардам гузаре ба кӯйи ӯ дӯш,
Дидам, ки нишаста ба лаби бом.
Дидам ба рухаш салом кардам,
Аз ноз маро бидод дашном.
Аз баъди салом, гуфтам, эй ром,
Бӯса бидеҳ аз лабат маро вом.
Зад бар даҳани ману ғазаб кард,
В-он гоҳ ишорате ба лаб кард.
Дӣ он бути чобуку дилозор,
Мекард гузар ба сӯйи бозор.
Ороста буд ҳусни худро,
Меронд саманди худ паривор.
Биншаста будам ба раҳгузораш,
Аз дур маро бидид дилдор.
Бо ман чу расид, аз карам гуфт:
Баҳри чи нишастаӣ чунин зор?
Гуфтам, ба умеди он, ки оӣ,
Бӯсам даҳану лаби шакарбор.
Зад бар даҳани ману ғазаб кард,
В-он гоҳ ишорате ба лаб кард.
© СОИБИ ТАБРЕЗӢ
August 18, 2015 at 06:39PM
via IFTTTfrom Facebook
Зебосанаме чи гулъизоре.
Дар банди ғамаш асир гаштам,
Бо хеш намонда ихтиёре.
Дирӯз гузар ба боғ кардам,
Афтод назар ба лолазоре.
Дидам ба чаман ҳамон санамро,
Биншаста чу моҳи даҳчаҳорӣ.
Гуфтам, ки забони ту маро кушт,
Бӯса бидеҳ аз лабат ба ёрӣ.
Зад бар даҳани ману ғазаб кард,
В-он гоҳ ишорате ба лаб кард.
Андар ғами ишқи он дилором,
Як лаҳза надорад ин дил ором.
Шуд мурғи дилам асири зулфаш,
Афтода барои дона дар дом.
Кардам гузаре ба кӯйи ӯ дӯш,
Дидам, ки нишаста ба лаби бом.
Дидам ба рухаш салом кардам,
Аз ноз маро бидод дашном.
Аз баъди салом, гуфтам, эй ром,
Бӯса бидеҳ аз лабат маро вом.
Зад бар даҳани ману ғазаб кард,
В-он гоҳ ишорате ба лаб кард.
Дӣ он бути чобуку дилозор,
Мекард гузар ба сӯйи бозор.
Ороста буд ҳусни худро,
Меронд саманди худ паривор.
Биншаста будам ба раҳгузораш,
Аз дур маро бидид дилдор.
Бо ман чу расид, аз карам гуфт:
Баҳри чи нишастаӣ чунин зор?
Гуфтам, ба умеди он, ки оӣ,
Бӯсам даҳану лаби шакарбор.
Зад бар даҳани ману ғазаб кард,
В-он гоҳ ишорате ба лаб кард.
© СОИБИ ТАБРЕЗӢ
August 18, 2015 at 06:39PM
via IFTTTfrom Facebook
Комментариев нет :
Отправить комментарий