23.08.2015

МОДАР, ДУО БИКУН

Куҳе, ки бори ин ҳама дунё бар дӯши ӯст,
Дар шонаҳои туст.
Нахле, ки пок буду бар афлок сар кашид,
Аз домани ту руст.
Модар, дуо бикун, ки ин фазо тиҳӣ шавад
Аз доғҳои дард,
Аз қалбҳои сард,
Аз сӯзу аз фироқ
В-аз даҳшати талоқ...
Модар, дуо бикун!
Модар, дуо бикун!



© ОРЗУ ИСО


August 23, 2015 at 10:34AM

via IFTTTfrom Facebook

Комментариев нет :

Отправить комментарий