01.10.2015

ҚУРБОНИ ЛАБИ ЛАЪЛИ ШАКАРХОИ ТУ ГАРДАМ

Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,
Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам.

Лаб мегазӣ, эй шух, надонам, ки чи гӯӣ,
Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам...

Гуфтӣ, ки ба Шоҳин занадам дарду балоҳо,
Кай мезанад аз дарду балоҳои ту гардам.


© Шамсуддини ШОҲИН



October 01, 2015 at 01:36PM

via IFTTTfrom Facebook

Комментариев нет :

Отправить комментарий