23.10.2015

ИШҚ

Ишқ шояд оташи Прометей аст,
Ё шуои кафи Мӯсо,
Ё салиби Исо,
Ё нилуфари Буддо,
Ё тулӯи Митро,
Ишқ меъроҷи Мустафост.
Ишқ зеботарин хулосаи тамоми маърифатҳост.
Ишқ таркиби Худост.

Пас фаротар зи хештан қадаме бояд монд
Ва бояд андешид,
Ки агар мурчаеро пахш кардӣ,
Ишқ мемирад.



© Фарзонаи ХУҶАНДӢ



October 23, 2015 at 01:22PM

via IFTTTfrom Facebook

Комментариев нет :

Отправить комментарий