Эй шаб аз руёи ту рангиншуда,
Сина аз атри туам сангиншуда.
Эй ба рӯйи чашми ман густарда хеш,
Шодиям бахшида аз андуҳ беш.
Ҳамчу бороне, ки шӯяд ҷисми хок,
Ҳастиям з-олудагиҳо карда пок.
Эй тапишҳои тани сӯзони ман,
Оташе дар сояи мижгони ман.
Эй зи гандумзорҳо саршортар,
Эй зи зарриншохаҳо пурбортар.
Эй дари бикшода бар хуршедҳо,
Дар ҳуҷуми зулмати тардидҳо.
Бо туям дигар зи дарде бим нест,
Ҳаст агар, ҷуз дарди хушбахтим нест.
Ин дили танги ману ин бор нур?
Ҳойҳуи зиндагӣ дар қаъри гур?
Эй ду чашмонат чаманзорони ман,
Доғи чашмат хурда бар чашмони ман.
Пеш аз инат гарки дар худ доштам,
Ҳар касеро ту намеангоштам.
Дарди торикест дарди хостан,
Рафтану беҳуда худро костан.
Сар ниҳодан бар сияҳдил синаҳо,
Сина олудан ба чирки кинаҳо.
Дар навозиш, неши морон ёфтан,
Заҳр дар лабханди ёрон ёфтан.
Зар ниҳодан дар кафи таррорҳо,
Гум шудан дар паҳнаи бозорҳо.
Оҳ, эй бо ҷони ман омехта,
Эй маро аз гури ман ангехта.
Чун ситора бо ду боли зарнишон,
Омада аз дурдасти осмон.
Ҷӯйи хушки синаамро об, ту!
Бистари рагҳомро селоб, ту!
Дар ҷаҳони инчунин сарду сиёҳ,
Бо қадамҳоят қадамҳоям бароҳ.
Оҳ, эй рушантулӯъи беғуруб,
Офтоби сарзаминҳои ҷануб.
Оҳ, оҳ, эй аз саҳар шодобтар,
Аз баҳорон тозатар, серобтар.
Ишқ дигар нест ин, ин хирагист!
Чилчароғе дар сукуту тирагист!
Ишқ чун дар синаам бедор шуд,
Аз талаб по то сарам исор шуд.
Ин дигар ман нестам, ман нестам,
Ҳайф аз он умре, ки бо ман зистам!
Оҳ, мехоҳам, ки бишкофам зи ҳам
Шодиям якдам биёлояд ба ғам.
Оҳ, мехоҳам, ки бархезам зи ҷой,
Ҳамчу абре ашк резам, ҳойҳой!
Ин дили танги ману ин дуди ъуд,
Дар шабистон захмаҳои чангу руд.
Ин фазои холиву парвозҳо?
Ин шаби хомушу ин овозҳо?
Эй нигоҳат лойлойи сеҳрбор,
Гоҳвора кӯдакони беқарор.
Эй нафасҳоят насими бимхоб,
Шуста аз ман ларзаҳои изтироб!
Хуфта дар лабханди фардоҳои ман,
Рафта то аъмоқи дунёҳои ман!
Эй маро бо шури шеър омехта!
Ин ҳама оташ ба шеърам рехта!
Чун таби ишқам чунин афрӯхтӣ,
Лоҷарам шеърам ба оташ сӯхтӣ...
© ФУРӮҒИ ФАРРУХЗОД
November 03, 2015 at 06:43PM
via IFTTT from Facebook
Сина аз атри туам сангиншуда.
Эй ба рӯйи чашми ман густарда хеш,
Шодиям бахшида аз андуҳ беш.
Ҳамчу бороне, ки шӯяд ҷисми хок,
Ҳастиям з-олудагиҳо карда пок.
Эй тапишҳои тани сӯзони ман,
Оташе дар сояи мижгони ман.
Эй зи гандумзорҳо саршортар,
Эй зи зарриншохаҳо пурбортар.
Эй дари бикшода бар хуршедҳо,
Дар ҳуҷуми зулмати тардидҳо.
Бо туям дигар зи дарде бим нест,
Ҳаст агар, ҷуз дарди хушбахтим нест.
Ин дили танги ману ин бор нур?
Ҳойҳуи зиндагӣ дар қаъри гур?
Эй ду чашмонат чаманзорони ман,
Доғи чашмат хурда бар чашмони ман.
Пеш аз инат гарки дар худ доштам,
Ҳар касеро ту намеангоштам.
Дарди торикест дарди хостан,
Рафтану беҳуда худро костан.
Сар ниҳодан бар сияҳдил синаҳо,
Сина олудан ба чирки кинаҳо.
Дар навозиш, неши морон ёфтан,
Заҳр дар лабханди ёрон ёфтан.
Зар ниҳодан дар кафи таррорҳо,
Гум шудан дар паҳнаи бозорҳо.
Оҳ, эй бо ҷони ман омехта,
Эй маро аз гури ман ангехта.
Чун ситора бо ду боли зарнишон,
Омада аз дурдасти осмон.
Ҷӯйи хушки синаамро об, ту!
Бистари рагҳомро селоб, ту!
Дар ҷаҳони инчунин сарду сиёҳ,
Бо қадамҳоят қадамҳоям бароҳ.
Оҳ, эй рушантулӯъи беғуруб,
Офтоби сарзаминҳои ҷануб.
Оҳ, оҳ, эй аз саҳар шодобтар,
Аз баҳорон тозатар, серобтар.
Ишқ дигар нест ин, ин хирагист!
Чилчароғе дар сукуту тирагист!
Ишқ чун дар синаам бедор шуд,
Аз талаб по то сарам исор шуд.
Ин дигар ман нестам, ман нестам,
Ҳайф аз он умре, ки бо ман зистам!
Оҳ, мехоҳам, ки бишкофам зи ҳам
Шодиям якдам биёлояд ба ғам.
Оҳ, мехоҳам, ки бархезам зи ҷой,
Ҳамчу абре ашк резам, ҳойҳой!
Ин дили танги ману ин дуди ъуд,
Дар шабистон захмаҳои чангу руд.
Ин фазои холиву парвозҳо?
Ин шаби хомушу ин овозҳо?
Эй нигоҳат лойлойи сеҳрбор,
Гоҳвора кӯдакони беқарор.
Эй нафасҳоят насими бимхоб,
Шуста аз ман ларзаҳои изтироб!
Хуфта дар лабханди фардоҳои ман,
Рафта то аъмоқи дунёҳои ман!
Эй маро бо шури шеър омехта!
Ин ҳама оташ ба шеърам рехта!
Чун таби ишқам чунин афрӯхтӣ,
Лоҷарам шеърам ба оташ сӯхтӣ...
© ФУРӮҒИ ФАРРУХЗОД
November 03, 2015 at 06:43PM
via IFTTT from Facebook
Комментариев нет :
Отправить комментарий