03.11.2015

РАҲРАВИ МУЛКИ САХО

Раҳрави мулки сахо оинаоят будааст,
Илтифоташ ҳар қадам рангининоят будааст.

Номи Ҳотамро карам атри абад эъто намуд,
Ин бақои амри Ҳақ файзи ризоят будааст.

Як сари мӯ дасти эҳсон кардаӣ гар ту дароз,
Дастҳо сӯйи Худо ҳар дам бароят будааст.

Зиндагӣ меодгоҳи арҷи пиндори накӯст,
Ин саодат ҳосили ҳарфи ҳидоят будааст.

Мактаби имдодро устод ҷуз икром нест,
Файзҳо аз иқтидояш бениҳоят будааст.

Аз паёмбар мерасад моро ҳидоятномае,
Хандаи софи ятим дасти дуоят будааст.

Дар тариқат дилнавозӣ муфлисонро шуд савоб,
Субҳи нусратёри раҳмат хатми роят будааст.

Чашмае аз худ агар ҷушидаӣ оби сахо,
Ғарқи Сайҳуни латофат чун атоят будааст.

Бар суоли соиле додӣ агар боре ҷавоб,
Машриқи оина ҳар дам раҳкушоят будааст.

Навғазалҳои саодат аз карам девон кунем,
Сархату сарбайти он шеъри ҳимоят будааст.


© Нуралӣ НУРЗОД



November 03, 2015 at 09:47PM

via IFTTTfrom Facebook

Комментариев нет :

Отправить комментарий