Ишқ ангезаи хубест, ки исботи ман аст,
Қиблаву маъбади мақсуд ва ҳоҷоти ман аст.
Эй, ки худ мояи оромишу дунёи манӣ,
Ин муҳаббат ҳамагӣ ойину одоти ман аст.
Онқадар дар дили ман реша давондӣ, бахудо,
Ҳар нафас рӯйи маҳат бо ману сооти ман аст.
Беш аз андоза туро металабам, айб магир,
К-ин зиёдатталабӣ хосияти зоти ман аст.
Он қадар дар назарам омадаӣ, шеър шудӣ,
Ҳарду чашмат, бахудо, шоири абёти ман аст.
Омадам боз ба дидори ту, аз роҳи сафар,
Ишқ меоварамат, ишқ, ки савғоти ман аст!
© Фирдавси АЪЗАМ
November 06, 2015 at 11:54PM
via IFTTTfrom Facebook

Комментариев нет :
Отправить комментарий