Ф о и д а
Ҳукумат дар вуҷуди салотин зуҳури насафат ва адолат аст, на зуҳур ба сифати азамату ҷалолат. Нушервон4 бо он, ки аз дин бегона буд, дар адлу ростӣ ягона. Лоҷарам, сарвари коинот5, алайҳи афзал-ус-салавот6, тафохуркунон7 мегуфт: «Вулидту фӣ замани-с-султони-л-одил»8.
М а с н а в ӣ
М а с н а в ӣ
Паямбар, ки дар аҳди Нӯшервон
Ба рух гашт чашму чароғи ҷаҳон,
Ҳаме гуфт: «Аэ зулм аз он содаам,
Ки дар аҳди Нӯшервон зодаам».
Чӣ хуш гуфт он носеҳи некхоҳ
Ба гӯши дили он ситамкора шоҳ,
Ки аз зулмати зулм андеша кун,
Пайи озмун адлро пеша кун!
Агар адлат аз зулм н-ояд фареҳ9,
Дигарбора по дар раҳи зулм неҳ!
Дар таворих чунон мастур аст, ки панҷ ҳазор сол салтанати олам тааллуқ ба габрону муғон10 дошт ва ин давлат дар хонадони эшон буд, зеро бо раоё адл мекарданд ва зулм раво намедоштанд. Дар хабар аст, ки Худои таоло ба Довуд11, алайҳи-с-салом, ваҳй12 кард, ки қавми хешро бигӯй, ки подшоҳони Аҷамро13 бад нагӯянду дашном надиҳанд, ки эшон ҷаҳонро ба адл ободон карданд, то бандагони ман дар вай зиндагонӣ кунанд.
Қ и т ъ а
Қ и т ъ а
Адлу инсоф дон, на куфру на дин,
Он чӣ дар ҳифзи мулк даркор аст.
Адли бедин низоми оламро
Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст!
Ҳ и к м ат
Қарини подшоҳ ҳакими фикратпеша бояд, на надими ҳазландеша, зеро ки аз он ба дараҷоти камол барояд ва аз ин ба даракоти14 нуқсон гирояд.
Қ и т ъ а
Қ и т ъ а
Ҳар нукта, к-ояд аз лаби донанда, гавҳарест,
Хуш он кӣ сохт ганҷи гуҳар дурҷи синаро,
Донодил аз ҷавоҳири ҳикмат хазинаест,
Аз хештан мадор ҷудо ин хазинаро.
Бомдоде мӯбади мӯбадон15 бо Қубод16 ҳамъинон мерафт, Маркаби вай ба дафъи фузалот17 қавоими18 худро аз дум то сум биёлуд. Ташвири19 тамом ба вай роҳ ёфт. Дар он асно Қубод вайро аз одоби ҳамрикобии мулук ва ҳамъинонии салотин суол кард.
Гуфт:
— Яке он аст, ки дар шабе, ки бомдоди он бо подшоҳ саворӣ хоҳад кард, маркаби худро чандон алаф надиҳад, ки бомдодон мӯҷиби ташвири рокиб20 гардад. Қубод истеҳсони вай карду гуфт:
— Бад-ин ҳусни қиёсат22 ва сидқи фиросат, ки расидаӣ, ба он чӣ расидаӣ.
Қ и т ъ а
Қ и т ъ а
Нохирадманд, ки бар қоидаи табъ равад,
Ҳама одоби вай афтад зи раҳи сидқу савоб.
Лек бихрад, ки ба дастури хирад кор кунад,
Шавад аз ҳусни қиёсат адабомӯзи давоб23.
Ҳ и к м а т
Муқаррабони салотин чун гурӯҳеанд, ки ба кӯҳи баланд боло мераванд, аммо оқибат ба залозили24 қаҳр ва навозили25 даҳр аз он кӯҳ ба зер хоҳанд афтод. Шак нест, ки афтодани баландтари он сахттар хоҳад буд, ба зер омадани фурӯтар- саҳлтар.
М а с н а в ӣ
М а с н а в ӣ
Бувад айвони қурби шоҳ воло,
Ба ин айвон марав бисёр боло,
Ки тарсам, чун аз он айвон дарафтӣ,
Зи ҳар афтодае маҳкамтар афтӣ.
Ҳ и к м а т
Мебояд, ки подшоҳонро мунҳиёни26 росткирдоре бар кор бошанд, ки аҳволи раоё ва гумоштагон барояшонро бар вай расонанд, Гӯянд, Ардашер27 подшоҳе огоҳ буд ва чун надимон бомдод биёмадандӣ, бигуфтӣ, ки фалон кас чӣ хӯрдааст ва бо фалон зан ё каниз чӣ сӯҳбат доштааст ва ҳар чӣ карда будӣ, бигуфтӣ, то мардумон гумон бурдандӣ, ки магар аз осмон ба вай фариштае ояд ва огоҳӣ диҳад ва Маҳмуди Сабуктагин28 низ ин қабил будааст.
Қ и т ъ а
Қ и т ъ а
Чу шоҳро набувад огаҳӣ зи ҳоли сипоҳ,
Куҷо сипоҳ зи қаҳри вай эҳтироз кунанд?
Ба қасди зулм ҳазорон баҳона пеш оранд,
Ба чанги фисқ ҳазорон тарона соз кунанд.
Ҳ и к о я т
Аристотолис29 гӯяд: «Беҳтарини подшоҳон он аст, ба каргас монад, гирдогирди ӯ мурдор, на он, ки ба мурдор монад, гирдогирди ӯ каргас, яъне мебояд, ки вай аз ҳоли ҳаволии худ огоҳ бошаду ҳаволии30 вай ғофил, на вай аз ҳоли ҳаволии худ ғофил бошаду ҳаволии вай аз ҳоли вай огоҳ».
Қ и т ъ а
Қ и т ъ а
Подшоҳ бояд, ки бошад ҳамчун каргас бохабар,
З-он чӣ афтодаст гирдогирди ӯ мурдорҳо,
Не чу мурдоре, ки гирдаш саф кашида каргасон,
Тез карда баҳри нафъи худ бар ӯ минқорҳо.
Ҳ и к о я т
Нӯшервон рӯзи Наврӯз ё Меҳрҷон31 маҷлисе медошт. Дид, яке аз ҳозирон, ки бо вай нисбати хешӣ дошт, ҷоми заррин дар бағал ниҳод. Тағофул кард32 ва ҳеҷ нагуфт. Чун маҷлис баршикаст, шаробдор гуфт:
— Ҳеч кас берун наравад, то таҷассус33 кунем, ки як ҷоми заррин дармебояд.
Нӯшервон гуфт:
Нӯшервон гуфт:
— Бигзор, он кас, ки гирифт, боз нахоҳад дод ва он кас, ки гирифт боздид, наммомӣ34 нахоҳад кард. Баъд аз чанд рӯз он шахс даромад: ҷомаҳои нав пӯшида ва мӯзаи нав дар по карда. Нӯшервон ишорат ба ҷомаҳои вай кард, ки инҳо аз он аст? Вай доман аз мӯза бардошт, ки ин низ аз он аст. Нӯшервон бихандид ва донист, ки онро ба зарурати эҳтиёҷ карда буд. Пас, фармуд, то ҳазор мисқол зар ба вай диҳанд.
Қ и т ъ а
Аз гуноҳи ту чу огоҳ шавад шоҳи карим,
Муътариф35 бош ба он в-аз карамаш узр бихоҳ.
Макун инкори гунаҳ, з-он ки гуноҳи дигар аст,
Балки бисёре аз он ҳам батар инкори гуноҳ.
Ҳ и к о я т
Маъмун36 ғуломе дошт, ки тартиби оби таҳорат ба уҳдаи вай буд. Дар ҳар чанд рӯз офтоба ё сатиле гум мешуд.
Як рӯз Маъмун бо вай гуфт:
Як рӯз Маъмун бо вай гуфт:
— Кош, он офтобаву сатил, ки аз мо мебарӣ, ҳам ба мо фурӯшӣ.
Гуфт:
— Ҳамчунон кунам. Ин сатили ҳозирро бихар.
Фармуд, ки ба чанд мефурӯшӣ?
Фармуд, ки ба чанд мефурӯшӣ?
Гуфт:
— Ба ду динор. Фармуд, то ба вай ду динор доданд.
Пас гуфг;
— Ин сатил аз ту дар амон шуд?
Гуфт:
— Оре!
Қ и т ъ а
Қ и т ъ а
Сим37 бар зархарида38 танг магир,
То бад-он нафси ӯ биёромад.
Тан ба итлофи39 мол аз ӯ дардеҳ.
То ба итлофи ҷон наянҷомад.
Ҳ и к о я т
Миёни Муовияву40 Уқайл ибни Абутолиб41 дӯстии тамом буду мусоҳабати бардавом. Рӯзе дар роҳи муҳаббаташон хоре афтод ва бар чеҳраи муваддаташон42 ғуборе нишаст. Уқайл аз Муовия бибурид ва аз омадшуди маҷлиси ӯ пой даркашид. Муовия узрхоҳон ба вай навишт, ки Ай матлаби аълои бани Абдулмуталлиб43 ва Ай мақсади ақсои оли Қусо44 ва Ай оҳуи нофакушои Абдманоф45 ва Ай манбаи макорими46 бани Ҳошим47, оят ба нубувват дар шумост ва иззи рисолат дар хонадони шумо! Куҷо шуд он ҳама бузургворию ҳилму бародарӣ? Боз ой, ки аз рафта пушаймонаму аз гузашта парешон.
Р у б о ӣ
Уқайл ба ӯ навишт, ки... чун карим аз дӯсте биранҷад, бояд ки кунҷи муфорақат48 гираду ба кӯйи муҳоҷарат гирояд, на он ки ба бадӣ миён бандаду ба бадгӯйӣ забон кушояд.
То кай ҳадафи новаки кин хоҳам буд,
В-аз дурии ту бедилу дин хоҳам буд?
Бар рӯи замин пеши туам рӯ ба замин,
Дар зери замин низ чунин хоҳам буд.
Уқайл ба ӯ навишт, ки... чун карим аз дӯсте биранҷад, бояд ки кунҷи муфорақат48 гираду ба кӯйи муҳоҷарат гирояд, на он ки ба бадӣ миён бандаду ба бадгӯйӣ забон кушояд.
М а с н а в ӣ
Боз Муовия иътизори49 муовадат50 ва илтимоси сулҳ кард ва сад ҳазор дирам бадали сулҳ фиристод ва бунёди аҳд ниҳод.
Чун шавад бо ту ёр ҷангандеш,
Ҷуз ҷудойӣ магир бо ӯ беш.
Ҷид макун дар хусумати бисёр,
Андаке рӯйи оштӣ бигзор.
Боз Муовия иътизори49 муовадат50 ва илтимоси сулҳ кард ва сад ҳазор дирам бадали сулҳ фиристод ва бунёди аҳд ниҳод.
Қ и т ъ а
Узрхоҳӣ бикуну афвталаб шав, чу фитад,
Рахна дар қоидаи ёрии ёрони қадим.
В- ар наёяд ба ҳам он рахна ба гуфтори забон,
Дар иморатгарияш кӯш ба хишти зару сим.
Ҳ и к о я т
Ҳаҷҷоҷ51 дар шикоргоҳе аз лашкариён ҷудо афтоду ба тале баромад, дид, ки аъробие52 нишаста, аз хирқаи худ ҷунбандагон мечинад ва шутурон гирди ӯ мечаранд. Чун шутурон Ҳаҷҷоҷро бидиданд, бирамиданд.
Аъробӣ сар боло кард хашмноку гуфт:
— Кист, ки аз ин биёбон ба ҷомаҳои дурахшон баромад, ки лаънати Худой бар вай бод! Ҳаҷҷоҷ ҳеҷ нагуфт ва пеш омад, ки:
— Ассалому алайка, ё аъробӣ. :
Гуфт:
— Ло алайкассалом ва ло раҳматуллоҳ ва ло баракотуҳ53. Аз вай об талабид.
Гуфт:
— Фурӯд ой ва ба зиллату хорӣ об бихӯр, ки валлоҳ 54, ман рафиқу навкари касе нестам.
Ҳаҷҷоҷ фурӯд омаду об бихӯрд ва пас гуфт:
— Ай аъробӣ, беҳтарини мардумон кист?
Гуфт:
— Расули Худой, салла-л-лоҳу алайҳи ва саллам, бар рағми55 ту!
Боз гуфт:
— Чӣ мегӯйӣ дар ҳаққи Алӣ ибни Абутолиб?56
Гуфт:
— Аз караму бузургворӣ номи вай дар даҳан намегунҷад.
Пас гуфт:
— Чӣ мегӯйӣ дар ҳаққи Абдулмалик ибни Марвон?57 Ҳеч нагуфт.
Гуфт:
— Ҷавоби ман бигӯй, Ай аъробӣ.
Гуфт:
— Бад мардест.
Пурсид, ки:
— Чаро?
— Хатое аз вай дар вуҷуд омадааст, ки аз машриқ то мағриб аз он пур баромада.
Пурсид, ки:
— Он кадом аст?
Гуфт:
— Он, ки фосиқи фоҷир58 Ҳаҷҷоҷро бар мусулмонон гумоштааст. Ҳаҷҷоҷ қеҷ нагуфт. Ногоҳ мурғе бипариду овоз кард.
Аъроби рӯй ба Ҳаҷҷоҷ карду гуфт:
— Ту чӣ касӣ, Ай мард?
Гуфт:
— Ин чӣ савол аст, ки мекунӣ?
Гуфт:
— Ин мурғ маро хабар дод, ки лашкаре мерасад, ки сардори эшон туйӣ.
Дар ин сухан буд, ки лашкариёни вай расиданду бар вай салом гуфтанд. Аъробӣ чун онро бидид, ранги ӯ мутағаййир гашт. Ҳаҷҷоҷ фармуд, то вайро ҳамроҳ бибаранд. Чун рӯзи дигар бомдод карду моида 59 биниҳод ва мардумон ҷамъ омаданд, аъробиро овоз доданд.
Чун даромад, гуфт:
— Ассалому алайка, аюҳа-л-амир ва раҳматуллоҳи баракотуҳ.
Ҳаҷҷоҷ гуфт:
— Ман чунон намегӯям, ки ту гуфтӣ: Ва алайка-с-салом!
Пас гуфт:
— Таом мехӯрӣ?
Гуфт:
— Таоми туст, агар иҷозат диқӣ, мехӯрам.
Гуфт:
— Иҷозат додам.
Аъробӣ пеш нишаст ва даст дароз карду гуфт:
— Бисмиллоҳ, иншоаллоҳ 60, ки он чӣ баъд аз таом ояд, хайр бошад.
Ҳаҷҷоҷ бихандиду гуфт:
— Ҳеч медонед, ки дирӯз аз ин бар ман чӣ гузашта?
Аъробӣ гуфт:
— Аслаҳуллоҳу-л-амир 61, сирре, ки дирӯз миёни ману ту гузаштааст, имрӯз дар ифшои он макӯш.
Баъд аз он Ҳаҷҷоҷ гуфт:
— Ай аъробӣ, яке аз ду кор ихтиёр кун: ё пеши ман бош, ки туро аз хосон гардонам ё туро пеши Абдулмалики Марвон фиристам ва он чӣ ӯро гуфгайӣ, ахбор кунам, то ҳар чӣ хоҳад, он кунад.
Аъробӣ гуфт:
— Сурати дигар ҳам метавонад буд.
Пурсид, ки:
— Он кадом аст?
Гуфт:
— Он, ки маро бигузорӣ, ки саломат ба билоди худ бозравам ва дигар на ту маро бинӣ ва на ман туро.
Ҳаҷҷоҷ бихандид, фармуд, то вайро даҳҳазор дирам доданду ба диёраш фиристоданд.
Қ и т ъ а
Ҳ и к о я т
Яздиҷурд62 писари худ Баҳромро63 дар мавзеъе дид аз ҳарами худ, ки муносиб набуд вайро. Фармуд, ки берун раву ҳоҷибро64 сӣ тозиёна бизану аз дари пардасаро65 дур кун ва касе дигарро ном бурд, ки вайро ба ҷойи ӯ бинишон. Баҳром ба мӯҷиби фармудаи падар амал кард. Аммо ҳанӯз сездаҳсола беш набуд, надонист, ки сабаби ғазаби вай бар ҳоҷиб чӣ буд. Баъд аз он рӯзе ба дари пардасаро омаду хост, ки дарояд. Ҳоҷиби дувум даст бар синаи вай заду нагузошт, ки дарояд ва гуфт:
— Агар баъд аз ин туро дар ин мавзеъ бинам, сӣ тозиёнаат бизанам аз ҷиҳати хиёнате, ки бо ҳоҷиби пешин кардӣ ва сии дигар аз барои хиёнате, ки мехоҳӣ, бо ман кунӣ. Ин хабар ба Яздиҷурд расид, ҳоҷиби дуюмро бихонду таҳсин кард ва эҳсон фармуду хилъат пӯшонид.

Мард бояд, ки ба лутфи сухану ҳусни хитоб Табъи арбоби ситамро зи ситам боз орад. Ҳар лаиме, ки зи эҳсону карам рам кардаст, Ба фусуни сухан ӯро ба карам боз орад.
Ҳ и к о я т
Яздиҷурд62 писари худ Баҳромро63 дар мавзеъе дид аз ҳарами худ, ки муносиб набуд вайро. Фармуд, ки берун раву ҳоҷибро64 сӣ тозиёна бизану аз дари пардасаро65 дур кун ва касе дигарро ном бурд, ки вайро ба ҷойи ӯ бинишон. Баҳром ба мӯҷиби фармудаи падар амал кард. Аммо ҳанӯз сездаҳсола беш набуд, надонист, ки сабаби ғазаби вай бар ҳоҷиб чӣ буд. Баъд аз он рӯзе ба дари пардасаро омаду хост, ки дарояд. Ҳоҷиби дувум даст бар синаи вай заду нагузошт, ки дарояд ва гуфт:
— Агар баъд аз ин туро дар ин мавзеъ бинам, сӣ тозиёнаат бизанам аз ҷиҳати хиёнате, ки бо ҳоҷиби пешин кардӣ ва сии дигар аз барои хиёнате, ки мехоҳӣ, бо ман кунӣ. Ин хабар ба Яздиҷурд расид, ҳоҷиби дуюмро бихонду таҳсин кард ва эҳсон фармуду хилъат пӯшонид.
Қ и т ъ а
Ҳифзи шаҳ бояд чунон к-аз остони ӯ убур Дар замири бандаву озод натвонад гузашт. Дар ҳарими ҳурмати иззаш, ки ситри66 давлат аст, Боз натвонад париду бод натвонад гузашт.
Ҳ и к о я т
Вазири Ҳурмузи писари Шопур67, ба вай нома навишт, ки бозаргонони дарё бори ҷавоҳир бисёр овардаанд ва онро ба сад ҳазор динор барои подшоҳ харидаем. Шунидаам, ки подшоҳ онро намехоҳад. Агар рост аст, фулон бозаргон ба сад ҳазор динор суд мехарад» . Ҳурмуз дар ҷавоб навишт, ки ҳазор динору сад ҳазор динор чандон пеши мо қадре надорад. Ва чун мо бозаргонӣ кунем, подшоҳӣ кӣ кунад ва бозаргонон чӣ кунанд?

Амир-ал-мӯъминин Умар69, разия-л-лоҳу анҳу, дар вақти хилофати худ дар Мадина деворе гил мекард. Яҳудие пеши вай тазаллум кард70, ки ҳокими Басра матое аз ман ба сад ҳазор дирам харидаасту дар адои самани71 он тааллул мекунад72.
Фармуд, ки коғазпорае дорӣ?
Гуфт: Не.
Сафоле бардошту бар он ҷо навишит, ки шикояткунандагон аз ту беҳисобанду шукргузорандагон— ноёб.
Аз мӯҷиботи шикоят бипарҳез ё аз маснади ҳукумат бархез. Ва дар охир навишт, ки «катабаҳу73 Умар бин ал-Хаттоб». На бар он мӯҳр заду на туғрое кард74. Аммо чандон савлати адолату ҳайбати сиёсати вай дар хотирҳо нишаста буд, ки чун яҳудӣ он сафолро ба ҳокими Басра дод, вай савор буд, аз асп фурӯд омаду замин бибӯсид, ваҷҳи75 яҳудиро тамом адо кард ва вай савор истода буд.
Қ и т ъ а
На таври мансаби шоҳов бувад, ки байъу шаро68 Ба қасди касби маоши худ ихтиёр кунанд. Чу шоҳ пеша кунад кори тоҷирони ҷаҳон, Ту худ бигӯ, ки дигар тоҷирон чӣ кор кунанд?!
Амир-ал-мӯъминин Умар69, разия-л-лоҳу анҳу, дар вақти хилофати худ дар Мадина деворе гил мекард. Яҳудие пеши вай тазаллум кард70, ки ҳокими Басра матое аз ман ба сад ҳазор дирам харидаасту дар адои самани71 он тааллул мекунад72.
Фармуд, ки коғазпорае дорӣ?
Гуфт: Не.
Сафоле бардошту бар он ҷо навишит, ки шикояткунандагон аз ту беҳисобанду шукргузорандагон— ноёб.
Аз мӯҷиботи шикоят бипарҳез ё аз маснади ҳукумат бархез. Ва дар охир навишт, ки «катабаҳу73 Умар бин ал-Хаттоб». На бар он мӯҳр заду на туғрое кард74. Аммо чандон савлати адолату ҳайбати сиёсати вай дар хотирҳо нишаста буд, ки чун яҳудӣ он сафолро ба ҳокими Басра дод, вай савор буд, аз асп фурӯд омаду замин бибӯсид, ваҷҳи75 яҳудиро тамом адо кард ва вай савор истода буд.
Қ и т ъ а
Чу набвад шоҳро иззу сиёсат, Кашад аз дасти густохон залилӣ73. Чу резад шерро дандону нохун, Хӯрад аз рӯбаҳони ланг силӣ.74
Ҳ и к о я т
Ҷавонеро ба дуздӣ гирифтанд. Халифа ҳукм кард, ки дасташ бибуранд, то аз моли мусулмонон кӯтоҳ шавад. Ҷавон бинолиду гуфт: — Ай халифа!
Ҷавонеро ба дуздӣ гирифтанд. Халифа ҳукм кард, ки дасташ бибуранд, то аз моли мусулмонон кӯтоҳ шавад. Ҷавон бинолиду гуфт: — Ай халифа!
Б а й т
Халифа фармуд, ки дасташ бибуред, ки ин ҳаддест ҳудуди Худои таоло, мусоҳала78 дар он аз мусулмонӣ нест. Модараш ҳамроҳ буд. Бархост, ки Ай халифа, ин фарзанди ман аст. Ба дастёрии вай рӯз ба шаб меовараму аз дастранҷи ӯ рӯзӣ мехӯрам.
Маро ба дасти чапу рост чув Худо орост, Раво мадор, ки монад чапам ҷудо аз рост.
Халифа фармуд, ки дасташ бибуред, ки ин ҳаддест ҳудуди Худои таоло, мусоҳала78 дар он аз мусулмонӣ нест. Модараш ҳамроҳ буд. Бархост, ки Ай халифа, ин фарзанди ман аст. Ба дастёрии вай рӯз ба шаб меовараму аз дастранҷи ӯ рӯзӣ мехӯрам.
Қ и т ъ а
Фарзанд бувад чу ҷон, бибахшой
Бар ҷони мани ситамрасида!
Серриштаи рӯзиям кафи ӯст,
Мапсанд, ки он шавад бурида!
Халифа гуфт: .
— Дасташ бибуред, ки ман ин гуноҳ аз вай дарнамегузаронаму гуноҳгории тарки ин ҳад бар худ раво намедорам!
Модараш гуфт:
— Ай халифа, инро ҳам дигаре аз он гуноҳон шумору аз он маосӣ79 ангор80, ки ҳамвора аз он истиғфор81 мекунӣ ва омурзиш мехоҳӣ.
Халифаро ин сухан хуш омад.
Гуфт:
— Бигузоредаш!

Ай хуш он доно, ки пеши шоқ дам Гоҳи қаҳр аз нуктаи хуш мезанад. Нуктае чун об меорад латиф, Шоҳро обе бар оташ мезанад.
Ҳ и к о я т
Гуноҳгореро пеши халифа оварданд. Халифа ба уқубате», ки мустаҳиққи82 он шуда буд, фармон дод.
Гуфт:
— Ай, амира-л-мӯъминин83, интиқом бар гуноҳ адл асту таҷовуз аз он фазл. Ва пояйи ҳиммати амир-ал-мӯъминин аз он олитар аст, ки аз он чӣ баландтар аст, таҷовуз намояд ва ба он чӣ фурӯтар аст, фурӯд ояд. Халифаро сухани у хуш омад.
Гуноҳи вайро афв фармуд;

Афв аз гуноҳ фазл бувад, интиқом — адл, З-он то ба ин зи чархи барин то замин раҳ аст. Кай фазлро гузораду орад ба адл рӯй Доно, ки аз тафовути ин ҳар ду огаҳ аст?
Ҳ и к о я т
Кӯдаке аз бани Ҳошим бо яке аз арбоби макорим беадабӣ кард. Шикоят ба аммаш бурданд84. Хост, то вайро адаб кунад.
Гуфт:
— Ай ам, ман кардам, он чӣ кардам ва ақли ман бо ман набуд. Ту бикун, он чӣ мекунӣ ва ақли ту бо туст.

Гар сафеҳе85 ба ҳукми нафсу ҳаво На ба вафқи86 хирад кунад коре. Бар ту нафсу ҳаво чу ғолиб нест, Ҷуз ба роҳи хирад марав боре.
Ҳ и к о я т
Занеро аз ҷамоате, ки бар Ҳаҷҷоҷ хурӯҷ карда буданд, пеши вай оварданд. Ҳаҷҷоҷ бо вай сухан мегуфту вай сар дар пеш андохта буду назар бар замин дӯхта: на ҷавоби вай медоду на назар ба вай мекард.
Яке аз ҳозирон бо вай гуфт:
— Амир сухан мегӯяду ту аз вай эъроз мекунӣ.
Гуфт:
— Ман аз Худои таоло шарм медорам, ба марде назар кунам, ки Худои таоло ба вай назар намекунад!

Рӯи золим мабин, ки бар рӯят Он зи дӯзах дарест бикшода. Сӯйи ӯ то кушода шуд зи Худой Назари раҳмате наяфтода.
Ҳ и к о я т
Искандарро гуфтанд:
— Ба чӣ сабаб ёфтӣ, он чӣ ёфтӣ аз давлати салтанату вусъати мамлакат ба асғари син87 ва ҳадосати 88 аҳд?
Гуфт:
— Ба истимолати89 душманон, то аз ғоилаи90 душманӣ зимом тофтанд ва аз таоҳуди91 дӯстон, то дар қоидаи дӯстӣ истеҳком ёфтанд.

Бояда-т мулки Сикандар, чун вай аз ҳусни сияр92
Душманонро дӯст гардон, дӯстонро дӯсттар.
Ҳ и к о я т
Рӯзе Искандар бо сарҳангони93 хеш барнишаста буд.
Яке аз эшон гуфт:
— Худованд субҳонаҳу туро мулки бузург додааст, занони бисёр кун, то фарзандони ту бисёр гарданд ва ёдгори ту андар ҷаҳон бимонад.
Ҷавоб дод, ки ёдгори мард на фарзанди ӯст, балки суннатҳои94 хуб ва сиратҳои некӯст, некӯ набувад, ки он кас кӣ бар мардони ҷаҳон ғалаба кардааст, занон бар вай ғалаба кунанд.

Чу нест пеши падар ин қадар яқин, ки писар Зи хели бехирадон аст ё хирадмандон. Бас аст сирати некӯ ҳакимро фарзанд, Бабуни зан чӣ шавад бар умеди фарзандон?
© АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ,
БАҲОРИСТОН,
РАВЗАИ СЕЮМ
ШАРҲИ ЛУҒОТ:
БАҲОРИСТОН,
РАВЗАИ СЕЮМ
ШАРҲИ ЛУҒОТ:
______________________
1. Иёлат — ҳукмронӣ
2. Мутазаммин — дар бар гиранда
8. Насафат — алд, дод
4. Нӯшервон — Анушервон
5. Сарвари коинот — ишора ба пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад
6. Алайҳи афзалу-с-саловот — некӯтарин дуруду ситоиш ба ӯ
7. Тафохуркунон — бо ифтихор, ифтихормандона
8. Ман дар замони подшоҳи одил таваллуд ёфтаам
9. Фареҳ — беҳтар 10. Габрону муғон — оташпарастон
11. Довуд — пайғамбаре будааст гӯё хушовоз ва «Забур» ба номи ӯ нозил шудааст
12. Ваҳй — сухани фиристодаи Худо
18. Аҷам — кишварҳои эрониҳо ва тоҷикон
14. Даракот — ҷ. дарака — нишебиҳо
15. Мӯбади мӯбадон — сарвари рӯҳониёни зардӯштӣ
16. Қубод—подшоҳи сосонӣ, ки солҳои 488—531 ҳукумат кардааст
17. Фузалот — пасафганда
18. Қавоим — пойҳои ақиби ҳайвонот
19. Ташвир — хиҷолат
20. Рокиб — савор
21. Истеҳсон — таъриф
22. Киёсат — зиракӣ
23. Давоб — ҷ. доба — ҷунбандагон, маҷозан одамони нодон
24. Залозил — ҷ. зилзила — ҷунбиш
25. Навозил — қаҷравиҳо
26. Мунҳӣ — хабардиҳанда
27. Ардашер — асосгузори сулолаи сосониён
28. Маҳмуди Сабуктагин — солқон 998—1030 ҳукмронӣ кардааст
29. Аристотолис — Аристотел, файласуфи бузурги Юнон (384— 322 пеш аз мелод)
30. Ҳаволӣ — атроф, атрофиён
31. Меҳрҷон — шакли арабишудаи Меҳргон — ҷашни бостонии гузаштагони мо, ки тирамоҳ баргузор мегардид
32. Тағофул кардан — худро нодида гирифтан
33. Таҷассус — ҷустуҷӯ
34. Наммомӣ — хабаркашӣ
35. Муътариф—эътироф кардан
36. Маъмун — халифаи аббосӣ, писари Ҳорунаррашид, ка солҳои 813—833 ҳукмронӣ кардааст
37. Сим — нуқра
38. Зархарида — ғуломе, ки карида шудааст
39. Итлоф — талаф
40. Муовия (661—680) — яке аз ҳамсӯҳбатони Муҳаммад, ки баъд аз кушта шудани Усмон хилофатро ба даст гирифт ва писари ӯ Язид бо авлоди Алӣ ҷангид ва ба дастурн Язид Ҳусайни Алӣ ба қатл расид
41. Уқайл ибни Абутолиб (ваф. 670) — бародари Алӣ — чаҳорумин ҷойнишини Муҳаммад
42. Муваддат — дӯстӣ
43. Бани Абдулмуталлиб — фарзандони амаки Муҳаммад пайғамбар Абдулмуталлиб
44. Оли Қусо — пешгузаштаи қавми Қурайш
45. Абдуманоф — аз бобокалонҳои Муҳаммад
46. Макорим — ҷ. мукарамат — меҳрубониҳо
47. Бани Ҳошим — хонадоне, ки Муҳаммад аз он баромадааст
48. Муфорақат — дурӣ, ҷудой
49. Иътизор — узрхоҳӣ
50. Муовадат — баргаштан, боз омадан
51. Ҳаҷҷоҷ — Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф (694—714) — аз золимтаин ҳокимони араб, ки суханпардоз ва шӯх ҳам будааст
52. Аъробӣ — араби бодиянишин
53. Одатан ҳангоми салом ибораҳои «ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳ» (худовавд ба ту меҳрубонӣ кунад ва баракат диҳад)-ро илова мекунакд. Аъробӣ онҳоро ба шакли инкор гуфтааст.
54. Валлоҳ — ба Худо (қасам)
55. Рағм — зид, мухолиф
56. Алӣ ибни Абутолиб — чаҳорумин халифаи араб баъди Муҳаммади пайғамбар
57. Абдулмалик ибни Марвон — яке аз халифаҳои бани Умавия, ки солҳои 685—705 ҳукумат кардааст
58. Фоҷир — нобакор
59. Моида — дастархон
60. Бисмиллоҳ — ба номи Худо; иншоаллоҳ — Худо хоҳад
61. Аслаҳуллоҳу-л-амир — Ай амири покдилтарини Худо
62. Яздиҷурд — муарраби Яздигурд — подшоҳи сосонӣ (339— 420)
63. Баҳром — солҳои 421—438 подшоҳ буд
64. Ҳоҷиб — дарбон
65. Пардасарой — ҳуҷраи хоса
66. Ситр — парда
67. Ҳурмузи писари Шопур — подшоҳи сосонӣ, солҳои ҳукуматаш 272—273
68. Байъу шаро — хариду фурӯш
69. Умар— дувумин халифаи араб (ҳукмр. 634—644) баъди Муҳаммад
70. Тазаллум кардан — додхоҳӣ кардан, шикоят аз зулм кардан
71. Саман — баҳо, қимат
72. Тааллул кардан — баҳонаҷӯйӣ кардан
73. Катабаҳу — навишт инро
74. Туғро рақам кардан — имзо гузоштан
75. Ваҷҳ — пул
76. Залилӣ — хорӣ
77. Силӣ — тарсакӣ
78. Мусоҳала — таъхир
79. Маосӣ — ҷ. маъсият — гуноҳон
80. Ангоштан — гумон кардан, ҳисобидан
81. Истиғфор — тавба
82. Мустаҳиқ — сазовор
83. Амир-ал-мӯъминин— амири мусулмонон, лақаби халифаҳои араб
84. Шикоят ба аммаш бурданд — ба амакаш шикоят карданд. Ин ҷо ам гуфта Муҳаммадро дар назар дорад
85. Сафеҳ — паст, разил
86. Вафқ — мувофиқ
87. Асғари син — камию хурдии син
88. Ҳадосат — тоза будан
89. Истимолат — дилҷӯй
90. Ғоила — сахтӣ
91. Таоҳуд — аҳд бастан
92. Сияр — ҷ. сират — табиат, рафтор
93. Сарҳанг — сарлашкар
94. Суннат — рафтор, амал, анъана
November 09, 2015 at 12:31AM
via IFTTTfrom Facebook
Комментариев нет :
Отправить комментарий