29.02.2016

МАСНАВИИ "ФОЛИ ҲОФИЗ"

Ҳоламон бад нест, ғам кам мехӯрем,
Кам, ки на ҳаррӯз кам-кам мехӯрем.
Об мехоҳам, саробам медиҳанд,
Ишқ меварзам, азобам медиҳанд.
Худ намедонам куҷо рафтам ба хоб?
Аз чӣ бедорам накардӣ офтоб?
Ханҷаре бар қалби беморам заданд,
Бегуноҳе будаму дорам заданд.
Сангро бастанду саг озод шуд,
Якшаба бедод омад, дод шуд.
Дашнаи номард бар пуштам нишаст,
Аз ғами номардумӣ пуштам шикаст.
Ишқ охир теша зад бар решаам,
Теша зад бар решаи андешаам.
Ишқ агар ин аст, муртад мешавам,
Хуб, агар ин аст, ман бад мешавам.
Бас кун, эй дил, нобасомонӣ бас аст,
Кофарам, дигар мусалмонӣ бас аст.

Дар миёни халқ сардаргум шудам,
Оқибат олудаи мардум шудам.
Баъд аз ин бо бекасӣ хӯ мекунам,
Ҳар чи дар дил доштам, рӯ мекунам.
Нестам аз мардуми ханҷарбадаст,
Бутпарастам, бутпарастам, бутпараст.
Бутпарастам, бутпарастӣ кори мост,
Чашми масте туҳфаи бозори мост.
Дард меборад чу лаб тар мекунам,
Толеъам шӯм аст, бовар мекунам.
Ман, ки бо дарё талотум кардаам,
Роҳи дарёро чаро гум кардаам?!
Хастаам аз қиссаҳои шӯматон,
Хаста аз ҳамдардии масмуматон.
Ин ҳама ханҷар дил кас хун нашуд,
Ин ҳама Лайлӣ, касе Маҷнун нашуд.
Қуфли ғам бар дарби силлулам мазан!
Ман худам хушбоварам, гӯлам мазан!

Ман намегӯям, ки хомӯшам макун,
Ман намегӯям, фаромӯшам макун.
Ман намегӯям, ки бо ман ёр бош,
Ман намегӯям, маро ғамхор бош.
Ман намегӯям, дигар гуфтан бас аст!
Гуфтан, аммо ҳеч нишнуфтан бас аст!
Рӯзгорат бод ширин, шод бош!
Дастикам, як шаб ту ҳам Фарҳод бош!

Оҳ, дар шаҳри шумо ёрӣ набуд,
Қиссаҳоямро харидоре набуд.
Вой, расми шаҳратон бедод буд,
Шаҳратон аз хуни мо обод буд.
Аз дару деворатон хун мечакад,
Хуни сад Фарҳоду Маҷнун мечакад.
Осмон холӣ шуд аз фарёдатон,
Бесутун дар ҳасрати Фарҳодатон.
Куҳкандан гар набошад пешаам,
Бӯйе аз Фарҳод дорад тешаам.
Ишқ аз ман дуру поям ланг буд,
Қиматаш бисёру дастам танг буд.
Гар нарафтам, ҳар ду поям хаста буд,
Теша гар уфтод, дастам баста буд.

Ҳеч кас дасти маро во кард? На!
Фикри даст танги моро кард? На!
Ҳеч кас аз ҳоли мо пурсид? На!
Ҳеч кас андӯҳи моро дид? На!
Ҳеч кас ашке барои мо нарехт,
Ҳар кӣ бо мо буд, аз мо мегурехт.

Чанд рӯзе ҳаст, ҳолам диданист,
Ҳоли ман аз ину он пурсиданист.
Гоҳ бар рӯйи замин зул мезанам,
Гоҳ бар Ҳофиз тафаул мезанам.
Ҳофизи девона фоламро гирифт,
Як ғазал омад, ки ҳоламро гирифт:

«Мо зёрон чашми ёрӣ доштем,
Худ ғалат буд, ончи мепиндоштем.»


Ҳамидризо Раҷоӣ

Комментариев нет :

Отправить комментарий