16.06.2016

БА ПОЙДОРИИ ОН ИШҚИ САРБАЛАНД

Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя
Ҳушанги Ибтиҳоҷ

Бувад, ки бори дигар бишинавам садои туро?
Бибинам он рухи зебои дилгушои туро?

Бигирам он сари зулфу ба рӯйи дида ниҳам,
Бибӯсам он сару чашмони дилрубои туро.

Зи баъди ин ҳама талхӣ, ки мекашад дили ман,
Бибӯсам он лаби ширини ҷонфизои туро.

Каям маҷоли канори ту даст хоҳад дод,
Ки ғарқи бӯса кунам боз даступои туро.

Мабод рӯзе чашми ман эй чароғи умед,
Ки холӣ аз ту бубинам шабе сарои туро.

Дили гирифтайи ман кай чу ғунча боз шавад,
Магар сабо бирасонад ба ман ҳавои туро.


Чунон ту дар дили ман ҷо гирифтаӣ, ай ҷон,
Ки ҳеч кас натавонад гирифт ҷои туро.

Зи рӯй хуби ту бархурдаам, хушо дили ман,
Ки ҳам атои туро диду ҳам лиқои туро.

Сазои хубии нав барнаёмад аз дастам,
Замона низ чӣ бад медиҳад сазои туро.

Ба нозу неъмати боғи биҳишт ҳам надиҳам,
Канор суфраи нону паниру чои туро.

Ба пойдории он ишқи сарбаланд қасам,
Ки сояи ту ба сар мебарад вафои туро.

Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя

Комментариев нет :

Отправить комментарий