28.06.2016

ОХИРИН НУСХАИ МУҲАББАТ

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ 
(акс аз манобеи интернетӣ)

Чи қадар мо мутамаддин шудаем.
Кӯдакони навсухан ҳам
бо телефонҳои ҷайбӣ­­­­­
дар масофаи якчанд сантиметр ба ҳам
мавҷпайванд мешаванд.
Ҳар нафас бо чунин мубодилаи олоӣ,
Бо ҳамин гуфтугӯи нодаркор,
бо ҳамин қилу қоли беҷавҳар
          хурсанд мешаванд.
Асри меъроҷи тамаддун
Мегузорад пеши мардум ҳазор барнома.
Мекунад чашми саморо
          фурудгоҳи таҳайюр
асри пурҳангома.
Таҳният мегӯям,
Ки ба рӯйи боми шумо
ба ҷойи лолаарӯсак баъд аз ин моҳвора мерӯяд.

Шеъри асри бисту як ҳам
Чу духтарони нимурёни кӯчаву хиёбонҳо
Бе маҷозу ғуллуву истиора мерӯяд.
Ҷодаҳо медурахшанд аз ҷилои ҳазору як мошин.
Гирд мегардад бо суръати кайҳонӣ чархи асри мутамаддин.
Инак, эй тундравон,
Ман шуморо як дақиқа зи роҳ медорам.
Ман фақат мехоҳам,
нафареро ба ёдатон орам,
Нафареро, ки ҳеч гоҳ намедонистед.
Тифли танҳоеро,
Ки дар ятимхонаи маъюс дарахтеро оғӯш мекунад.
Бо ҳамин хоҳиши оғӯши волидонашро лаҳзае фаромӯш мекунад.
Ман фақат мехоҳам,
Мӯйсафедеро аз фаромӯшхонаҳо
              ба ёдатон орам.
Мӯйсафеди хонаи пиронро,
Ки ба тилфони рӯйи мизи долон
              дергаҳ менигарад,
Ба касе мехоҳад занг занад,
Аммо ба кӣ?
Ин ҷаҳон ҳафт миллиард аҳолӣ дорад,
Ин ҷаҳон ҳеч кас надорад.
Ман фақат мехоҳам,
боз ҳам ба ёди шумо
бевазанеро орам,
ки нони ширмоли маҳро
ҳар шаб ба кӯдаконаш
              тақсим мекунад.
Рӯзу шабҳои бефурӯғашро
ба чунин сарнавишти бехуршед
              таслим мекунад.
Ман фақат мехоҳам мову шумо андешем
дар сари сухани бисёр беороя:
              яъне меҳр.
Ҳамчунон бостоншиноси нақбкан
              фикрҳои дилшикофи ман ҳам
дар сиришти ҳама меҷӯяд
вопасин бозмондаҳои меҳру шафқатро,

Охирин нусхаи муҳаббатро...




Фарзонаи ХУҶАНДӢ

Комментариев нет :

Отправить комментарий