![]() |
Иброҳими Шариф |
Дил ҳаст дар фармони ту.
Пинҳон намонад ҳоли ман,
Аз чашми пинҳонхони ту.
Дил аз ғамат афгор шуд,
Дар пеши чашмат хор шуд.
Нав нест, аммо чашми ман,
Умре ба роҳат чор шуд.
Дил шуд сарои орзу,
Ишқи ту додаш рангу бӯ.
Дар ҳар куҷо беихтиёр,
Аз ту намоям гуфтугӯ.
Эй гулбадан хорат манам,
Донӣ талабгорат манам.
Бо нархи сар, бо нархи ҷон,
Умре харидорат манам.
Иброҳими ШАРИФ
Комментариев нет :
Отправить комментарий