
Дигар дуо макун, ки дуо бенатиҷа аст,
Шабзиндадорият, бахудо, бенатиҷа аст.
Дар пушти пардаҳои малоловари сукут,
Ингуна ҳою ҳую садо бенатиҷа аст!
Якбор аз худии худат ин суол кун
Фарёду зораҳот чаро бенатиҷа аст?
Вақте намозу субҳа бувад машқи қадду баст,
Тасбеҳу зикру тоати мо бенатиҷа аст.
Рӯзе ҳазор мартаба гӯйи агар Худо
Аммо Худо-Худо ба риё бенатиҷа аст!
Вақте тавофи хонаи дилҳо накардаӣ,
Бар хонаи Худо надаро, бенатиҷа аст!
Фирдавси АЪЗАМ
Комментариев нет :
Отправить комментарий