
Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд,
Оё бувад, ки гӯшаи чашме ба мо кунанд?!
Дардам нуҳуфта беҳ зи табибони муддаъӣ,
Бошад, ки аз хазонаи ғайбам даво кунанд.
Чун ҳусни оқибат на ба риндию зоҳидист,
Он беҳ, ки кори худ ба иноят раҳо кунанд.
Бе маърифат мабош, ки дар ман язиди ишқ,
Аҳли назар муомила бо ошно кунанд.
Ҳолӣ даруни парда басе фитна меравад,
То он замон, ки парда баруфтад чиҳо кунанд?!
Маъшуқ чун ниқоб зи рух барнамекашад,
Ҳар кас ҳикояте ба тасаввур чаро кунанд?!
Гар санг аз ин ҳадис бинолад, аҷаб мадор,
Соҳибдилон ҳикояти дил хуш адо кунанд.
Май хур, ки сад гуноҳ зи ағёр дар ҳиҷоб,
Беҳтар зи тоате, ки ба рӯю риё кунанд.
Пироҳане, ки ояд аз он бӯйи Юсуфам,
Тарсам бародарони ғаюраш қабо кунанд.
Бугзар ба кӯйи майкада то зумраи ҳузур,
Авқоти худ зи баҳри ту сарфи дуо кунанд.
Пинҳон зи ҳосидон ба худам хон, ки мунъимон,
Хайри ниҳон барои ризои Худо кунанд.
Ҳофиз, давоми васл муяссар намешавад,
Шоҳон кам илтифот ба ҳоли гадо кунанд.
#Ҳофизи_Шерозӣ
Комментариев нет :
Отправить комментарий