01.08.2016

ХУШ МЕОЯД

Навбаҳорон зи дилам бӯйи ту хуш меояд,
Ҳамаро боғу маро рӯйи ту хуш меояд.

Ҳамчу наргис наниҳам чашм ба сарви лаби ҷӯй,
Ки маро қомати дилҷӯйи ту хуш меояд.

З-он ҳама ҳалқа, ки шамшод занад бар сари гул,
Бандаро ҳалқаи гесӯйи ту хуш меояд.

Бӯйи гулзор хуш ояд ҳама касрову маро,
Накҳати хоки сари кӯйи ту хуш меояд.

Печи сунбул ба чаман ҳеч намеояд хуш,
Пеши рӯйи ту хами мӯйи ту хуш меояд.

Шеваи чашм чу наргис чи кунад ишваву ноз?!
Шева аз наргиси ҷодуйи ту хуш меояд.

Чашм накшуда ба рӯйи гул аз он рӯй, Камол,
Ки назар бар гули худрӯйи ту хуш меояд.


Камолуддин Хуҷандӣ

Комментариев нет :

Отправить комментарий