Бо ман бимон, ки ишқ дигарбора нест, нест,
Афсӯс, умри одамӣ, умри дубора нест.
Дигар дилам масӯз маҷолаш намондааст,
Охир дил аст, ин дили ман, санги хора нест.
Мирам ман аз наомаданат бо ҳазор алам,
Ҷуз омаданат, азизи дилам, ҳеч чора нест.
Андӯҳи ошиқони ҷаҳон дар дили ман аст,
Бозам дилам зи ғуссаву ғам пора-пора нест.
Ин дил ба ёди ишқи ту сад сол монданист,
Аммо зи ту, азизи дилам, як ишора нест.
Бозам ту будӣ умри наве доштам, агар
Афсӯс умри одамӣ умри дубора нест.

Комментариев нет :
Отправить комментарий