Бигзар зи дил, дигар дили ман дил намешавад,
Ин дил ба панду мавъиза оқил намешавад.
Аз субҳгоҳ фосила то шомгоҳ дард,
Як лаҳза аз хаёли ту ғофил намешавад.
Дар кӯчаҳои шаҳр ҷунун парса мезанад,
Аслан ба самти ҳавсала моил намешавад.
Дигар нагӯ, ки гиря накун ё сабур бош,
Инро китоби ишқ, ки шомил намешавад.
Аз ман нагир шарҷии чашмони ташнаро,
Борон аз осмони ту нозил намешавад.
Моҳи барояш ончи ба тӯфон муяссар аст,
Дар шонаҳои мурдаи соҳил намешавад.
Ин ишқ, бемуҷодила ҳаққест, лоҷарам,
Бо ҳеч ҷабру муъҷиза ботил намешавад.
Бифирист он хаёли пур аз вожаро, ки шеър,
Ҷуз бо радифу қофия, комил намешавад.
Парвинтарин ситора дар ин каҳкашони сард,
Беизни чашмҳои ту ҳосил намешавад.
Ин шеър ҳадяи туву чашмон маст ту,
Ҳарчанд гавҳаре ба ту қобил намешавад.
#Парвин_Наврӯзӣ
Ин дил ба панду мавъиза оқил намешавад.
Аз субҳгоҳ фосила то шомгоҳ дард,
Як лаҳза аз хаёли ту ғофил намешавад.
Дар кӯчаҳои шаҳр ҷунун парса мезанад,
Аслан ба самти ҳавсала моил намешавад.
Дигар нагӯ, ки гиря накун ё сабур бош,
Инро китоби ишқ, ки шомил намешавад.
Аз ман нагир шарҷии чашмони ташнаро,
Борон аз осмони ту нозил намешавад.
Моҳи барояш ончи ба тӯфон муяссар аст,
Дар шонаҳои мурдаи соҳил намешавад.
Ин ишқ, бемуҷодила ҳаққест, лоҷарам,
Бо ҳеч ҷабру муъҷиза ботил намешавад.
Бифирист он хаёли пур аз вожаро, ки шеър,
Ҷуз бо радифу қофия, комил намешавад.
Парвинтарин ситора дар ин каҳкашони сард,
Беизни чашмҳои ту ҳосил намешавад.
Ин шеър ҳадяи туву чашмон маст ту,
Ҳарчанд гавҳаре ба ту қобил намешавад.
#Парвин_Наврӯзӣ
Комментариев нет :
Отправить комментарий