
Гуфтаиву мегӯӣ, қиссаи базебатро,
Шарра-шарра мешорӣ, ғуссаобшебатро.
Одамигарӣ карда дар биҳишти боварҳо,
Хайрият нахӯрдам ман, гандуми фиребатро.
Эй баҳори фаррухпай, як даҳан бигӯ: То кай,
Дери дер мехонӣ, шашмақоми себатро?
Як ғазал барои ту ваъда кардаам, акнун,
Лутф кун даме ҳам ту сӯзи андалебатро.
Комментариев нет :
Отправить комментарий