05.09.2016

САЛОМАТРО...

Исфандиёри Назар

Саломатро агар посух намегӯянд боке нест,
Суроҳӣ лаб кушуда ҷомҳо лабрези хуршед аст.
Ва соқӣ, он Масеҳои ҷавонмардон -
Саропо гармиву маншои уммед аст.
Саломатро ба гармӣ медиҳад посух,
Ба гармӣ мегушояд дар,
Туро аз инҳисори шаҳри бедардону номардон,
Ба шаҳри бода мехонад.
Суруди хусравонӣ мекунад оғоз,
Ба гӯшат гарм-гарму сода мехонад.
Дуруд, эй чеҳраи ғамҳои ин миллат!
Биё, инак, шаробу гармии лабханд,
Ва панди Рӯдакӣ - он пир, он устод,
...ки гуфта «Шод зӣ бо сияҳчашмон,
...ҷаҳон афсона асту бод...»
 ***
«Саломатро намехоҳанд посух гуфт»,
боке нест.
Дари майхона боз асту саломи соқӣ ҳам гарм аст.
Салом, эй соқиву эй хумб,
«Биёр он май, ки пиндорам равон ёқути ноб астӣ,
Ҷаҳон афсона асту бод...»



Исфандиёри НАЗАР, 13/10/2013

Комментариев нет :

Отправить комментарий