15.02.2017

ВАҚТЕ ДӮСТ МЕДОРӢ

Шаҳобуддини Шуҷоъ
Ғами дил мешавад ғамхор, вақте дӯст медорӣ,
Ками дил мешавад бисёр, вақте дӯст медорӣ.
Дами дил мешавад саршор аз оҳанги сармастӣ,
Хами дил мешавад ҳамвор, вақте дӯст медорӣ.
Таби дил бар тапишҳои муҳаббат мешавад табдил,
Шаби дил мефурӯзад нор, вақте дӯст медорӣ.
Яхи дил об мегардад, хурӯшон мешавад рӯде,
Биёбон мешавад гулзор, вақте дӯст медорӣ.
Саломат мешавад оғози як афсонаи ширин,
Каломат мешавад ашъор, вақте дӯст медорӣ.
Ба бозори муҳаббат меравӣ, бо худ муҳаббат бар,
Ки дигар чиз н-ояд кор, вақте дӯст медорӣ.


Шаҳобуддини ШУҶОЪ

Комментариев нет :

Отправить комментарий