15.02.2017

Ё БИМОН ДАРУНИ ДИЛ...

Нуралӣ Нурзод
Дилшикастаам акнун, ёр мумиёӣ кун,
Аз вафо садоқат соз, тарки бевафоӣ кун.
Ҳисси шодмониям меравад бурун акнун,
Шодиофарини ман, "ман" гузору моӣ кун.
Дар набарди афкорам аз яқин гумон бигзашт,
Офтоби умри ман, зурозмоӣ кун.
Қаҳваи ғамат нӯшам бо шароби танҳоӣ,
Занги нав бизан акнун ёрии раҳоӣ кун.
Тира мешавад роҳам аз туман-туман андӯҳ,
Рӯшаниатобахшам дур ин сиёӣ кун.
Чек кун имелҳоят то ки хонӣ номи ман,
Ё бимон даруни дил, ё бурунгаройӣ кун.


Нуралӣ Нурзод

Комментариев нет :

Отправить комментарий