17.02.2017

МАГАР ГУНОҲИ КАБИРАМ...

Исфандиёри Назар
Ҳанӯз ташна лабон аз лабу нигоҳи туям,
Ҳанӯз гушна ба нон аз рухи чу Моҳи туям.
Ҳазор захми муҳаббат зи хайли мижжа задӣ,
Ҳанӯз дашна ба ҷон монда аз сипоҳи туям.
Магар гуноҳи кабирам, ки меравӣ аз ман?
Савобдори муҳаббат, магар гуноҳи туям?
Биё дубора аз он раҳ, ки дил зи ман бурдӣ,
Чу нақши пой ба ҷо монда рӯйи роҳи туям.
Ба рӯзи ҳодиса мардум ба ҳам паноҳ оранд,
Паноҳи ман, ту куҷойӣ, ки бепаноҳи туям.


Исфандиёри НАЗАР
Олмон
17.02.2017

Комментариев нет :

Отправить комментарий