
Аз қадим имони поку ориятдор тоҷикам,
Дар ҷаҳон бо илму дониш низ тоҷдор тоҷикам.
Рӯдакию Ибни Сино фахру ори тоҷиканд,
Ҷомию Фирдавсӣ гӯяд, маърифатдор тоҷикам.
Саъдию Ҳофиз ҷаҳонро лол кард аз назми хеш,
Аз бани одам ғанию, парчамидор тоҷикам.
Назми тоҷик аз замонҳо дар Аҷам чун машъаласт,
Фахр дорам бо забонам, қадриятдор тоҷикам.
Байни кӯҳу санг омӯхт бобиёнаш маърифат,
Софдилу тӯтигуфтор, номи некдор тоҷикам.
Таърихаш мисле надорад аз қадим то ин маҳал,
Равнақаш оламшумулу сорбондор тоҷикам.
Шарифҷони Учқӯрғонӣ - шоири муосир аз тоҷикони Қирғизистон
Комментариев нет :
Отправить комментарий