Эй тоирони қудсро ишқат фузуда болҳо,
Дар ҳалқаи савдои ту руҳониёнро ҳолҳо.
Дар "ло уҳиббул офилин" покӣ зи суратҳо яқин,
Дар дидаҳои ғайббин ҳар дам зи ту тимсолҳо.
Дар дидаҳои ғайббин ҳар дам зи ту тимсолҳо.
Афлок аз ту сарнагун, хок аз ту чун дарёи хун,
Моҳат нахонам, эй фузун аз моҳҳову солҳо.
Моҳат нахонам, эй фузун аз моҳҳову солҳо.
Он к-ӯ ту бошӣ боли ӯ, эй рифъати иҷлоли ӯ,
Он к-ӯ чунин шуд ҳоли ӯ бар рӯй дорад холҳо.
Он к-ӯ чунин шуд ҳоли ӯ бар рӯй дорад холҳо.
Гирам, ки хорам хори бад, хор аз пайи гул мезиҳад,
Саррофи зар ҳам мениҳад ҷав ба сари мисқолҳо.
Саррофи зар ҳам мениҳад ҷав ба сари мисқолҳо.
Фикрӣ будаст афъолҳо, хокӣ будаст ин молҳо,
Қолӣ будаст ин ҳолҳо, ҳолӣ будаст ин қолҳо.
Қолӣ будаст ин ҳолҳо, ҳолӣ будаст ин қолҳо.
Оғози олам ғулғула, поёни олам зилзила,
Ишқеву шукре бо гила, ором бо зилзолҳо.
Ишқеву шукре бо гила, ором бо зилзолҳо.
Аз "раҳматанлилоламин" иқболи дарвешон бубин,
Чун маҳ мунаввар хирқаҳо, чун гул муаттар шолҳо.
Чун маҳ мунаввар хирқаҳо, чун гул муаттар шолҳо.
Ишқ амри кулл, мо руқъае, ӯ қулзуму мо ҷуръае,
Ӯ сад далел овардаву мо карда истидлолҳо.
Ӯ сад далел овардаву мо карда истидлолҳо.
Аз ишқ гардун мӯъталиф, бе ишқ ахтар мунхасиф,
Аз ишқ гашта дол алиф, бе ишқ алиф чун долҳо.
Аз ишқ гашта дол алиф, бе ишқ алиф чун долҳо.
Оби ҳаёт омад сухун, к-ояд зи илми "мин ладун",
Ҷонро аз Ӯ холӣ макун, то бар диҳад аъмолҳо.
Ҷонро аз Ӯ холӣ макун, то бар диҳад аъмолҳо.
Бар аҳли маънӣ шуд сухан иҷмолҳо тафсилҳо,
Бар аҳли сурат шуд сухан тафсилҳо иҷмолҳо.
Бар аҳли сурат шуд сухан тафсилҳо иҷмолҳо.
Гар шеърҳо гуфтанд пур, пур беҳ бувад дарё зи дурр,
К-аз завқи шеър, к-охир шутур хуш мекашад тарҳолҳо.
К-аз завқи шеър, к-охир шутур хуш мекашад тарҳолҳо.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ
Ҳамир прогамммро фиристода метавонед ба ман +992928463006
ОтветитьУдалить