20.02.2017

МИФТОҲИ ЗИНДОН - МАВЛОНО

Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ
Эй растахези ногаҳон в-эй раҳмати бемунтаҳо,
Эй оташи афрӯхта дар бешаи андешаҳо.

Имрӯз хандон омадӣ, мифтоҳи зиндон омадӣ,
Ба мустамандон омадӣ, чун бахшишу фазли Худо.

Хуршедро ҳоҷиб туӣ, уммедро воҷиб туӣ,
Матлуб туӣ, толиб туӣ, ҳам мунтаҳо, ҳам мубтадо.

Дар синаҳо бархоста, андешаро ороста,
Ҳам хеш ҳоҷат хоста, ҳам хештан карда раво.

Эй руҳбахши бебадал в-эй лаззати илму амал,
Боқӣ баҳонасту дағал, к-ин иллат омад в-он даво.

Ин сукр бин, ҳил ақлро в-ин нуқл бин, ҳил нақлро,
К-аз баҳри нону бақлро чандин нашояд моҷаро.

Хомуш, ки бас мустаъҷилам, рафтам сӯйи пойи алам,
Коғаз бинеҳ, бишкан қалам, соқӣ даромад, ассало.


Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ

Комментариев нет :

Отправить комментарий