Дӯстон, вақти гул он беҳ, ки ба ишрат кӯшем,
Сухани пири муғон аст ба ҷон, май нӯшем.
Сухани пири муғон аст ба ҷон, май нӯшем.
Нест дар кас караму вақти тараб мегузарад,
Чора он аст, ки саҷҷода ба май бифрӯшем.
Чора он аст, ки саҷҷода ба май бифрӯшем.
Хуш ҳавоест фараҳбаш, Худое, бифирист,
Нозанине, ки ба рӯяш майи гулгун нӯшем.
Нозанине, ки ба рӯяш майи гулгун нӯшем.
Арғанунсози фалак раҳзани аҳли ҳунар аст,
Чун аз ин ғусса нанолему чаро нахрӯшем?
Чун аз ин ғусса нанолему чаро нахрӯшем?
Гул ба ҷӯш омаду аз май назадемаш обе,
Лоҷарам з-оташи ҳирмону ҳавас меҷӯшем.
Лоҷарам з-оташи ҳирмону ҳавас меҷӯшем.
Ҳофиз, ин ҳол аҷаб бо кӣ тавон гуфт, ки мо:
Булбулоне, ки дар мавсими гул хомӯшем?!
Булбулоне, ки дар мавсими гул хомӯшем?!
Ҳофизи Шерозӣ
Комментариев нет :
Отправить комментарий